Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони заҳматкаш ва беҳуқуқ


Созмони ҷаҳонии кор аз раҳбарони кишварҳо даъват кардааст, ки ҳаққи кӯдакон ба омӯзишро дар кишварҳояшон таъмин кунанд.

Раҳбари Созмони ҷаҳонии кор дар рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи истифода аз нерӯи кӯдакон аз раҳбарони кишварҳо даъват кардааст, ки ҳарчи зудтар ҳаққи онҳо ба омӯзишро дар кишварҳояшон таъмин кунанд. Созмони ҷаҳонии кор, мақараш дар Женева, мегӯяд, дар саросари дунё ҳудуди 218 миллион кӯдак хоставу нохоста кор мекунанд, аз ҷумла бахши аъзам аз 75 миллион кӯдаке, ки боре ҳам пой ба дари мактаб нагузоштаанд.

Ин созмон мегӯяд, танҳо бо ҷалби онҳо ба омӯзиш метавон ин гурӯҳи бузурги кӯдаконро аз банди кори иҷборӣ раҳо кард. Ба таъкиди Созмони ҷаҳонии кор, мушкилоти иқтисодию иҷтимоъӣ ва фақр, адами дастрасии теъдоде аз кӯдакон ба омӯзишу парвариш ва муҳоҷирати корӣ аз сабабҳои аслии афзоиши суиистифода аз нерӯи кори кӯдакон дар кишварҳо шудааст.

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоъии «Перспектива плюс» дар Душанбе, мегӯяд, истифодаи бераҳмона аз нерӯи кӯдакон дар Тоҷикистон ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад. Бо вуҷуди он ки Президент Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд аз рушди иқтисодии кишвар сухан гуфтааст, ҳазорон кӯдаки тоҷик, ба гуфтаи хонум Бобоназарова, дур аз таҳсил дар бозору саҳроҳои ин кишвар ба иҷрои корҳои сангин машғуланд. Хонум Бобоназарова фақр ва муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои хориҷиро аз иллатҳои аслии чунин амр дар Тоҷикистон унвон мекунад ва мегӯяд, ин танҳо фарҳангу суннати осиёӣ нест, ки кӯдакро зери бори сангини аробаи зиндагӣ кардааст. Ӯ мегӯяд: «Дар хонаводаҳои камбизоат, ки бузургсолонашон аҳли байтро наметавонанд таъмин кунанд, кӯдакон низ кор мекунанд. Дар Тоҷикистон, ки нисфи мардумаш камбизот аст, ин мушкил вуҷуд дорад ва касе онро рӯйпӯш ҳам намекунад. Изофа бар ин, вазъ назар ба чанд соли пеш тағйир накарадаст. Мебинем, ки кӯдакон ҳамоно ба ҷойи таҳсил аробакашӣ ва талбандагӣ мекунанд».

Созмонҳои байнулмилалӣ низ мегӯянд, дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон вазъи истифода аз кори кӯдакон вахимтар шуд ва акнун бисёре аз кӯдакони тоҷик ба кор дар саҳроҳо ва ба ҳаммолию талбандагӣ дар бозорҳо водошта мешаванд. Аммо Таҳмина Каримова, як масъули Созмони ҷаҳонии кор дар Тоҷикистон, ки шурӯъ аз соли 2005 барои баррасӣ ва ҳалли ин мавзӯъ талош мекунад, мегӯяд, ки бо ин вуҷуд як омори дақиқ дар бораи теъдоди чунин коргарони кӯдак рӯйи даст нест: «Аз рӯйи он ки омори дақиқ нест, ҳоло наметавонем, бигӯем, ки вазъ дар Тоҷикистон то чи андоза беҳтар шудааст, ё бадтар. Аммо ба ҳар ҳол, дар се соли ахир шоҳид будем, ки вазъ чандон беҳбуд наёфтааст». Бо ин вуҷуд, созмони «Наҷоти кӯдакон» дар як гузориши худ эълом кардааст, ки ҳамасола танҳо дар корҳои саҳроӣ дар Тоҷикистон аз нерӯи тақрибан 200 ҳазор кӯдак истифода мешавад. Дар ин гуна баҳодиҳӣ Узбакистони ҳамсояи Тоҷикистон қобили ҳатто муқоиса нест. Қаблан чанде аз ширкатҳои аврупоии муштарии пунбаи Тошканд эълон доштанд, ки дигар аз пахтаи Узбакистон харидорӣ нахоҳанд кард. Ба ин далел, ки дар ҷамъоварии пахтаи ин кишвар ҳамасола аз нерӯи 450 ҳазор кӯдак ва навҷавон бераҳмона истифода мешавад. Мақомоти вазорати кори Қирғизистон низ гуфтаанд, ки бештар аз 70 ҳазор кӯдаки ин кишвар иҷборан кор мекунанд, кори вазнину каммаош. Аммо вазири шуғли ин кишвар мегӯяд, ин омор фарогири беш аз 100 000 кӯдаки дигаре нест, ки соли дароз дар майдонҳои тамокупарварӣ машғули иҷрои кори сангин ва барои саломати кӯдак зараровар будаанд. Ҳамин тавр, ба иттилоъи Созмони ҷаҳонии кор, вазъи истифода аз нерӯи кӯдакон на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар бисёре аз қисматҳои дигари дунё низ дар ҳоли ҳозир чандон хушҳолкунанда нест. Кӯдакон ба иллати касодии иқтисоди хонавода аз таҳсил дур монда ва лоилоҷ барои «зинда мондан» кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG