Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каталония дар остонаи эълони истиқлол. ВИДЕО


Карлес Пучдемон, раиси ҳукумати минтақаи Каталония.
Карлес Пучдемон, раиси ҳукумати минтақаи Каталония.

Карлес Пучдемон, раиси ҳукумати минтақаи Каталонияи 3-юми октябр гуфтааст, ки ин минтақа рӯзҳои оянда истиқлоли худро эълон хоҳад кард. Раиси ҳукумати минтақаи Каталония дар мусоҳиба бо бахши англисии Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, ки ҳукумати вай охирҳои ҳафтаи ҷорӣ ва ё авоили ҳафтаи оянда ин тасмими худро эълон хоҳад кард.

Рӯзи якшанбеи 1-уми октябр дар минтақаи Каталония, ки маркази он шаҳри Барселона мебошад, ҳамапурсии истиқлол баргузор шуд. Аммо ҳукумати маркзии Испания талош кард то аз баргузории он пешгирӣ кунад. Мақомҳои маҳаллӣ мегӯянд, наздик ба 90 дарсад аз ширкаткунандагон дар ин ҳамапурсӣ аз истиқлоли Каталония пуштибонӣ карданд.

Рӯзи сешанбеи 3-юми октябр садҳо ҳазор нафар дар эътироз ба "хушунат"-и пулис дар рӯзи ҳамапурсии истиқлол дар ин минтақа, дар шаҳри Барселона раҳпаймоӣ карданд.

Карлес Пучдемон дар посух ба пурсиш дар бораи дахолати ҳукумати марказии Испания ва ин, ки агар ҳукумати марказӣ назорати минтақаи Каталонияро дар даст бигирад, чи хоҳад шуд, гуфт, ки чунин талоше як иштибоҳи калон хоҳад буд, ки ҳама чизро тағйир хоҳад дод.

Ин дар ҳоле аст, ки Филиппи шашум, подшоҳи Испания рӯзи сешанбе раҳбарони минтақаи Каталонияро муттаҳам кард, ки усулҳои демократияро зери по гузоштанд ва боиси парокандагии мардуми Каталония шуданд.

Подшоҳи Испания дар як барномаи телевизионӣ, ки ба таври зинда пахш шуд, раҳбарони минтақаи Каталонияро ба "аҳдшиканӣ" ва "бевафоӣ" ба ҳукуматӣ марказӣ, муттаҳам кард. Ҳукумати марказии Испания мегӯяд, ки ҳамапурсӣ хилофи Қонуни Асосии он кишвар аст. Ин қонун дар соли 1987 қабул шудааст.

Рӯзи сешанбе ҳамчунин садҳо ҳазор нафар дар эътироз ба "хушунат"-и пулис дар рӯзи ҳамапурсии истиқлол дар ин минтақа, дар шаҳри Барселона раҳпаймоӣ карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳудуди 300 ҳазор тазоҳуркунанд дар кӯчаҳои Барселона хостори "хуруҷи нерӯҳои ишғолгар" шуданд.

Раҳбари Каталония Испанияро бо истифодаи ноодилонаи нерӯ муттаҳам кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Дар ҳамин ҳол иттиҳодияиҳои коргарӣ ва гурӯҳҳои тарафдори истиқлол, истгоҳҳои метро дар Барселона кори худро қатъ карданд ва коргарон аз кор даст кашиданд. Мақомҳои маҳаллӣ дар Каталония мегӯянд, ки беш аз 70 дарсад аз коргарон ба даъвати онҳо барои коршиканӣ, посухи мусбат доданд.

Қабл аз ин, донишгоҳҳои Барселона, музейи муосири ин шаҳр ва ҳатто дастаи футболи машҳури "Барселона" эълом карда буданд, ки ба коршикании саросарӣ мепайванданд. Ҳадаф аз ин коршикании саросарӣ, маҳкум кардани хушунатҳои пулиси Испания дар рӯзи баргузории ҳамапурсии истиқлоли минтақаи Каталония эълом шуда буд.

Гирдомадагон дар Мадрид мегӯянд: "Каталония моли Испания аст!"

Гирдомадагон дар Мадрид мегӯянд: "Каталония моли Испания аст!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

XS
SM
MD
LG