Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Исломобод: 5 кушта ва 10 захмӣ


Таркиши як мошин дар назди сафорати Дания дар шаҳри Исломободи Покистон ҳадди ақал 5 кушта ва беш аз 10 захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Мақомоти Покистон мегӯянд, мошине, ки дар даври сохтмони сафорати Дания дар Исломобод таркид, ҳомили тақрибан 30 кило маводи мунфаҷира будааст.

Инфиҷор ба бинои сафорат ва сохтмонҳои ҳошияи он асобат карда, дарвозаи сафоратхона ва чандин мошинро дар ин минтақаи пуриздиҳоми аҳолинишин тахриб кардааст. Як табиби маҳаллӣ манзараи ҷойи ҳодисаро чунин тасвир кард: “Дар ҳоли ҳозир, танҳо коре ки мехоҳам бикунам, кӯмак ба онҳоест, ки шояд охирин нафасҳои худро мекашанд. Агар онҳоро ба бемористон бурда мешуд, шояд наҷот меёфтанд. Вале мо бо сахтии зиёде тавонистем ҳамагӣ 5 нафарро ба мошинҳо бор карда, ба бемористон бифиристем”.

Раҳмон Малик, мушовири сарвазири Покистон дар Исломобод ба хабарнигорон гуфт, мақомоти тафтишотӣ талош доранд, ҳуввияти омили ин ҳамларо дақиқан шиносоӣ кунанд. Вай афзуд, “шумори умумии кушташудагон дар ҳоли ҳозир 5 нафар аст. Яке аз онҳо дар бемористон аст. Ҳуввияти ӯ ҳанӯз шиносоӣ нашудааст, вале яқинан, ӯ хориҷист. 4 кушташудаи дигар покистониҳоянд ва 2 тани онҳо корманди пулис будаанд. Ман ҳамин ҳоло ҳайъати тафтишотиро таъйин кардам. Далоили аввалия ҳокист, ки инфиҷор дар роҳи рӯбарӯи сафоратхонаи Дания рух додааст”.

Дар нахустин вокуниш, вазири хориҷаи Дания Пер Стиг Мюллер инфиҷори сохтмони сафорати кишвараш дар пойтахти Покистонро як амали “ комилан ғайриқобилиқабул” хондааст. То кунун кадом гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст, вале бовар меравад, ки онро ҷангиёни исломӣ анҷом додаанд. То кунун ин ҳам дақиқ нест, ки оё ин ҳамлаи маргталабона дар посух ба нашри тасвирҳои танзомези паёмбари Ислом дар матбуоти Дания содир шудааст ё хайр.

Раҳмон Малик, мушовири сарвазири Покистон гуфт, ба бовари мақомоти амниятии Покистон, маргталаб ғолибан ба далели нашри дубораи тасвирҳои танзомези паёмбари Ислом дар як рӯзномаи Дания дар моҳи феврал сафоратхонаи он кишварро ҳадаф интихоб кардааст. Вай афзуд, “ин як воқеъаи хеле ҳузнангез ва як фоҷиъаи тамоми кишвари мост. Мо дар бораи ин ҳодиса бархе иттилооти иктишофӣ дар даст доштем, ки сафорати Дания муддати тӯлоние паёмҳои таҳдидомез дарёфт мекард. Ба назари мо, ин ҳодиса идомаи ҳамон таҳдидҳост.”

Тасвири танзомезе, ки дар он паёмбари Ислом Муҳаммад (с) саллаи бомбдор дар сар наққошӣ шудааст, бори нахуст дар матбуоти Дания ҳанӯз дар соли 2005 ба нашр расида, хашми мусалмононро дар саросари дунё барангехт. Дар ҳоле ки мусалмонон ҳар навъ тасвири паёмбари худро куфр ҳукм мекунанд, дар тасвирҳои чопшуда дар рӯзномаҳои Дания паёмабри Ислом Муҳаммад (с) ҳатто ҳамчун як террорист тасвир мешуд.

Чопи ин тасвирҳо дар ду соли пеш мавҷи эътирозҳои хушунатомез дар ҷаҳони Исломро ба бор овард ва аз ҷумла сафоратхонаҳои Дания дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳадафи ҳамалот қарор гирифтанд. Эътирозгарон дар Афғонистон ба дунболи нашри ин тасвирҳо аз Дания тақозо карданд, нирӯи 700-нафарии сарбозонашро аз ин кишвар берун бикашад.

Бархе коршиносони низомӣ мегӯянд, инфиҷори рӯзи 2 июн дар Исломобод нигарониҳо дар бораи созиши сулҳи байни ҷангиёни тарафдори Толибон ва ҳукумати маҳаллӣ дар сарзаминҳои қабиланишини вилоятҳои шимолу ғарби Покистонро бештар мекунад. Онҳо мегӯянд, ин созиш ба ҷангиён фурсат медиҳад, ҳамалоти ҷадидеро дар қаламрави Покистон ва ҳамсоякишвари Афғонистон тарҳрезӣ ва иҷро кунанд.

Ва аммо тавре ба назар мерасад, ҷанҷоли тасвирҳои танзомези паёмбари Ислом дар Аврупо дубора дар мегирад. Рӯзи шанбе чанде аз ин тасвирҳо дар тахтаву девори эълонҳо дар кӯчаҳои Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех пайдо шуданд. Аз ҷумла дар атрофи масҷиди Черний Мост, бузургтарин маҳалли таҷаммӯъ ва намозгузории мусалмонон дар ин кишвар.

XS
SM
MD
LG