Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии борҳои башардӯстона ба Ғазза нарасид


Рӯзи чоршанбе киштии зери парчами Молдова, ки дар обҳои баҳри Миёназамин барои сокинони минтақаи Ғазза кумаки башарӣ интиқол медиҳад, самти ҳаракаташро тағйир дод. Мақомоти Исроил мегӯянд, зоҳиран киштӣ озими Миср шудааст. Ташкилкунандагони ин корвони кумакҳои хайрия, ки аслан шаҳрванди Либия мебошанд, киштии Амалтеаро ба киро гирифта, таъкид мекарданд, ки сарфи назар аз муҳосираи Исроил кумакҳоро мустақиман ба Ғазза хоҳанд расонд.

Дар ин байн Исроил иброз дошт, ки иҷозат намедиҳад муҳосираи сесолаи минтақаи Ғазза халалдор шавад. Ба қавли мансабдорони исроилӣ, агар киштӣ ба дастури низомиёни Исроил гӯш надиҳад, онро ба асорат мегиранд.

Исроил: «Ҳеҷ киштӣ ҳақ надорад дар бандари Ғазза лангар занад»

Рӯзи чоршанбе вақте киштии Амалтеа дар 130 километрии Ғазза зоҳир шуд, Исроил чор киштии ҷангии ин кишварро ба пешвози Амалтеа ирсол намуд. Вазири улуми Исроил Даниэл Ҳершкович дар шаҳри Байтулмуқаддас ба хабарнигорон гуфт: "Исроил сиёсаташро тағйир надодааст, он хеле возеҳ мебошад. Ҳеҷ киштӣ ҳақ надорад дар бандари Ғазза лангар занад. Агар онҳо мехоҳанд ба мардуми Ғазза кумак расонанд, мо онҳоро дар бандари исроилии Ашдод мунтазир ҳастем."

Амалтеа моли як тоҷири юнонӣ бо номи Алекс Ангелопулос буда, зери парчами Молдова шино мекунад. Феълан онро гурӯҳи зери раҳбарии Сайдулислом Қаззофӣ, писари раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ, киро кардааст. Тибқи ахбори расида, дар ин киштӣ 12 узви экипаж, 15 ҳомии ҳуқуқи фаластиниҳо ҳузур дошта, онҳо тахминан 2 000 тонна кумаки хайрияро ба Ғазза интиқол медиҳанд.

Киштии кумакҳои Либия зери парчами Молдова

Алекс Ангелопулос дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар давоми чанд моҳи ахир Амалтеа зери парчами Молдова шино мекунад. Ба қавли Ангелопулос, мардуми Молдова бояд ифтихор кунанд, ки кумакҳо зери парчами кишварашон интиқол меёбанд. Дар айни замон ӯ гуфт, ки киштие, ки ин парчамро барафрохтааст, бо хоҳиши худ таҳримро нодида намегирад.

Миср ваъда додааст, ки агар кумакҳо ба бандари Ариши ин кишвар расанд, Миср кумакҳоро бо роҳи заминӣ ба Ғазза интиқол медиҳад.

Рӯзи чоршанбе ба нишони эътироз аз сиёсати Исроил аъзои Иттиҳодияи касбии таҳти тасарруфи коммунистони юнонӣ, ки аз интиқоли кумакҳо ба Ғазза пуштибонӣ мекунанд, дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Афина - пойтахти Юнон парвози ҳавопаймои озими Исроилро ба таъхир гузоштанд.
XS
SM
MD
LG