Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони баъди интихоботӣ дар Афғонистон


Беҳтарин интихоб барои Афғонистон кадом аст? Бо шурӯи бӯҳрони баъди интихоботи Афғонистон ин суол аз нав аҳамият пайдо кардааст.

Бисёриҳо умед доштанд, ки интихоботи 20-уми август шаҳодати эътирози мардумӣ бар зидди ошӯбҳои Толибон хоҳад буд, вале довталабони Ҳомиди Карзай - раисҷумҳури кунунии Афғонистонро, ки тибқи ҳисоби пешакӣ дар интихобот дастболо шудааст, бо тақаллуб дар овоздиҳӣ муттаҳам мекунанд.

Залмай Халилзод, собиқ сафири ИМА дар Афғонистон, Ироқ ва СММ, мегӯяд, агар ниҳодҳои нозир пирӯзии Ҳомиди Карзайро тасдиқ кунанд, ӯ бояд мубориза бо фасодро таҳким бахшида, ба машваратҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар таваҷҷӯҳ намояд.

Залмай Халилзод, ки худ зодаи Афғонистон аст, ба хатоҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин кишвар ишора мекунад. Ба гуфти ӯ, нақшаҳои ташкили артиши хурди Афғонистон ва худдорӣ аз таъқиби ошӯбгарон дар Покистон самараи хуб наовард. Халилзод меафзояд, президент Карзай баъзе машваратҳои Амрикоро нодида гирифта, равобиташ бо Вашингтонро сард кард.

Дипломати испаниявӣ Франсеск Вендрел, ки дар солҳои 2000 то 2008-ум вазифаҳои намояндаи СММ ва сипас намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистонро бар ӯҳда доштааст, бо Халилзод мувофиқ буда, меафзояд, президент Карзай ҷангсолорони мухолифи Толибонро, ки бо худсариву эҷоди бесарусомонӣ маъруф буданд, аз ҳад зиёд қудратманд намуд.

Ба гуфтаи ӯ, "хатои аз ҳама бузург ин буд, ки раисҷумҳури Афғонистон бо ҷангсолорон ва фармондеҳоне, ки кишварро дар солҳои навадуми қарни гузашта валангор карда буданд, ҳамкорӣ дошт ва аз онҳо пуштибонӣ мекард. Ӯ собит накард, ки инҳисори истифода аз нерӯ дар дасти ҳукумати Афғонистон, дар дасти ҳукумати Кобул аст".

Аммо собиқ сафири ИМА дар Афғонистон умед дорад, ки бӯҳрони феълии ин кишвар бо эълони натиҷаи ниҳоии интихобот хотима ёфта, ҳукумати афғон ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳониро тақвият мебахшад.

Ин ақидаи Халилзодро Вендрел низ дастгирӣ мекунад. Вай мегӯяд, "барои мубориза бо фасоди фарогир мо бояд василаи муассир дар ихтиёр дошта бошем. Ҳатман мо бояд амниятро беҳбуд бахшем. Ман бо генерал Стенлӣ Маккристал мувофиқам, ки ҳузури мо дар Афғонистон набояд ҳамчун ҳузури нерӯи ишғолгар, ки балки чун сарчашмаи амният арзёбӣ шавад".

Ба қавли Вендрел, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз набудани пешрафт дар умури Афғонистон хаста шуда, интизор дорад, ки ҳукумати нави афғон бо пешбурди барномаи хуби корӣ пуштибонӣ дар дохили кишвар ва берун аз онро ба даст меорад.
XS
SM
MD
LG