Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси вазъи Афғонистон дар ҳамоиши Порис


Таркиши худкушона дар Кобул, 7 июли соли 2008
Таркиши худкушона дар Кобул, 7 июли соли 2008

Ҳамсоягони Афғонистон ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар Порис роҳҳои қатъи низоъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд.

Дар ин ҳамоиш намояндагони Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Русия, вакилони аршад аз Иттиҳоди Аврупо ва фиристодагони Эрон, Тоҷикистон, Чин, Покистон, Ҳиндустон, Туркманистон ва Узбакистон ҳузур доранд.

Фаронса, ки феълан раёсати даврии Иттиҳоди Аврупоро дар зимма дорад, мегӯяд, ҳадаф аз баргузории анҷумани ҳамсоягони Афғонистон ва қудратҳои ҷаҳонӣ ёфтани роҳҳои кӯмак ба давлати Афғонистон аст, ки назорати комили кишварро ба даст бигирад ва ошӯби толибҳоро шикаст диҳад. Аз ин лиҳоз гуфтугӯ, ба ақидаи коршиносон, бештар ба самти Покистон ва Эрон равона хоҳад шуд.

Покистон ба ҳайси паноҳгоҳи толибҳо ва пойгоҳи ҳамлаҳои онҳо ба Афғонистон боқӣ мемонад ва ахиран корвонҳои икмолотии нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон дар Покистон ҳадафи ҳамла қарор мегиранд. Аммо вазири умури хорииҷии Покистон, Маҳмуди Қурайшӣ дар остонаи ҳамоиш талош кард, ҳама гуна иттиҳомотро аз Покистон ба дур кашад ва гуфт, равобит ва эътимод миёни Покистону Афғонистон дар марҳилаи феълӣ дар баландтарин сатҳ қарор аст.

Интизор мерафт, вазири умури хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ низ дар ҷаласа ширкат кунад. Вале ӯ сафарашро ба Порис ба гуфтаи хабаргузориҳо баъд аз танқидҳои Эрон аз тарафи президенти Фаронса Николас Саркозӣ дар мавриди Исроил лағв кард. Саркозӣ чанд рӯз пеш гуфт, вай омода нест, дасти президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро бифишорад ва ё бо ӯ паси як миз биншинад, зеро президенти Эрон гуфта, ки Исроил бояд аз харитаи ҷаҳон пок шавад. Як бахши ҷаласаи имрӯз ҳамчунин ба равобити Ҳинду Покистон бахшида хоҳад шуд, ки низ ба вазъи Афғонистон таъсир муайян мерасонад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал нест, ки дар чунин ҳамоишҳо ширкат мекунанд, аммо нақши онҳо дар кӯмак ба Афғонистон то ҳанӯз муассир ва мустақилона набудааст. Хабаргузориҳо мегӯянд, вазъи мавҷуда дар Покистон сарони бархе аз кишварҳои Аврупоро водор кардааст, ба нақши мусбату созандаи давлатҳои Осиёи Марказӣ мутаваҷҷеҳ шаванд. Ҳамчунин интизор меравад, президенти нави Амрико Барак Обама, ки пас аз 20-уми январ ба маснад менишинад, барномаҳои наверо барои Афғонистон омода мекунад, дар онҳо нақши давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бузургтар намудор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG