Раиси Бонки Осиёии Рушд Ҳаруҳико Курода дар арафаи ҷамъомади солонаи ин муассисаи байнулмилалии молӣ гуфт, кумаки фавқулодаи ин бонк дар шакли қарзҳои ба истилоҳ "нарм" ба ҳукуматҳое тақдим мешаванд, ки аз бӯҳрони ҷаҳонии озуқа азият мекашанд. Дар нишасти матбуотии рӯзи шанбе Курода гуфт, вомҳо имкон медиҳанд, ки ҳукуматҳо нархи фурӯши маводи ғизоӣ ба камбағалонро коҳиш диҳанд.
Раиси Бонки Осиёии Рушд гуфт, миқдори кумак ба тақозои кишварҳои ниёзманд вобаста хоҳад буд. Курода ҳушдор дод, ки "эҳтимол давраи маводи ғизоии арзон хотима ёфта бошад". Ӯ хотирнишон кард, ки дар давоми чор моҳи гузашта нархи биринҷ тахминан се баробар бештар шуд. Раиси Бонки Осиёии Рушд бар ин назар аст, ки болоравии нархҳо ба ҷайби мардуми камбизоат зарбаи шадид мезанад, зеро бахши бузурги хароҷоти онҳоро озуқа ташкил медиҳад.
Дар як гузорише, ки ахиран дар Мадрид ба табъ расид, Бонки Осиёии Рушд навиштааст, ки хароҷоти як рӯзаи 1,7 миллиард сокини Осиё 2 доллар ва ё камтар аз он аст. Ба қавли муалифони гузориш, болоравии нархи маводи ғизоӣ боиси афзоиш таваррум шуда, рушду сармоягузориро коҳиш медиҳад. Соли гузашта тавсеаи иқтисодии Осиё ба 8,7 дарсад баробар буд. Бонки Осиёии Рушд тахмин мекунад, ки имсол ҳам рушди Осиё ба 7,6 дарсад мусовӣ хоҳад буд, вале пешбинӣ шудааст, ки имсол таваррум ба 5,1 дарсад мерасаду рушдро ба қадри кофӣ беасар мекунад.
Ҳамчунон гуфта мешавад, ки касри буҷетҳои мамолики Осиё афзоиш меёбад, зеро маблағи зиёде барои тақдими ба истилоҳ субсидия, яъне ҷуброни нархи баланди маводи ғизоӣ масраф мешавад. Дар баъзе кишварҳои осиёӣ манъ ва ё назорати шадиди содироти маводи ғизоӣ ҷорӣ шудааст, то кишварҳо бозори дохилиро ҳифз намоянд. Аммо ба навиштаи Бонки Осиёии Рушд чунин ҳол кишоварзонро аз кишт бебаҳра мегардонад.
Ба гуфти Курода, дахолати ҳадафмандона бо мақсади ҳифзи табақаҳои ниёзманд имкон дорад, дар муддати кӯтоҳе таъсири манфии болоравии нархҳоро коҳиш диҳад. Раиси Бонки Осиёии Рушд пешниҳодҳои ташкили созмони кишварҳои содиркунандаи биринҷ ба монанди созмони кишварҳои содиркунандаи нафтро танқид кард.
Нишасти чоррӯзаи Шӯрои Мудирони Бонки Осиёии рушд рӯзи душанбеи 5-уми май оғоз меёбад, ки дар он 3000 вакил ва аз ҷумла вазирони молия, донишмандон ва аъзои муассисаҳои мухталиф ширкат меварзанд. Кумакрасонҳо ваъда додаанд, ки дар солҳои 2009-2012-ум барои татбиқи барномаи мубориза бо қашшоқӣ ба ин бонк 11,3 миллиард доллар таъмин мекунанд, ки назар ба чорсолаи пештара 60 дарсад бештар аст.
Бонки Осиёии Рушд соли 1966 бо мақсади мубориза бо камбағалӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ташкил шудааст.