Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косово ба эълони истиқлол омодагӣ мегирад


Дар Косово баъди чанд соат маросими эълони истиқлол аз Сербистон баргузор хоҳад шуд. Инро раиси ҷумҳур Фатмир Сайдиу зимни зиёрат аз оромгоҳи раҳбари пешини Косово Иброҳим Ругова дар Приштина тайид кард. Мардуми албанитабори Косово ин лаҳзаи, ба гуфтаи онҳо, таърихиро бетоқатона интизоранд. Ва аммо сербҳо, ки дар ин минтақа аққалиятро ташкил медиҳанд, аз эълони истиқлоли Косово хуш нестанд. Имрӯз Белград эълом дошт, ки дар сурати эълони якҷонибаи истиқлол аз сӯи Косово алайҳи ин минтақаи ҷудоихоҳ аз таҳримҳои иқтисодӣ кор хоҳад гирифт.

Интизор меравад, ки Иёлоти Муттаҳида ва аксар кишварҳои аврупоӣ истиқлоли Косоворо эътироф кунанд.

XS
SM
MD
LG