Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва ҷаҳони ислом


Аксе аз форуми соли гузашта.
Аксе аз форуми соли гузашта.

Рӯзи шанбеи 16-уми феврал, дар Доҳаи Қатар бо ширкати чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ анҷумани навбатии Иёлоти Муттаҳида ва олами ислом ифтитоҳ меёбад.

Ба эълони таъсисидиҳандагони он, ин нишасти бонуфуз қарор аст, масъалаҳои сарнавиштсозеро баррасӣ кунад, ки дар миёни Амрико ва ҷаҳони ислом ҷудоӣ меандозанд. Онҳо гуфтаанд, анҷумани Қатар заминаест барои муколамаи ошкоро ва коршарикии мусбат дар миёни раҳбарон ва афкорсозони ду ҷониб.


Форуми Иёлоти Муттаҳида ва ҷаҳони ислом маҳфили пешгомони сиёсат, бизнес, матбуот, улуми академӣ ва ҷомеаи мадании кишварҳои мусулмон ва Амрикост. Мақсад аз ташкили он табодули афкор ва ё ҳатто метавон гуфт, ташаккули афкори иҷтимоист, ки муносибатҳои байни Иёлоти Муттаҳида ва олами исломро дар маркази худ қарор медиҳад. Маҳфилест, ки дар он сиёсатмадорон ба сухани донишмандон гӯш медиҳанд, назари хешро баён медоранд, баҳс мекунанд ва дар натиҷа андешаҳои наве ба майдон меоянд.

Бархе аз соҳибназарон бар инанд, ки лоиҳаи ҳукумати Амрико дар демократиконии Ховари Миёна панҷ сол пеш бори нахуст дар ҳамин маҳфил садо дода, сипас дар шакли як барномаи давлатии сиёсати хориҷии Амрико шакл гирифтааст. Дар зимн, ин панҷумин даври форуми ҳарсолааст, ки бо талоши Пажӯҳишгоҳи Брукингзи Амрико ва Вазорати умури берунаи Қатар баргузор мегардад.

Стефан Гронд, мудири барномаи муносибатҳои Иёлоти Муттаҳида бо ҷаҳони ислом дар Донишкадаи Брукингз мегӯяд, форуми соли 2008 як ҳодисаи ба таври вижа муассир хоҳад буд, зеро мавзӯъ ва сухангӯёне баргузида шудаанд, ки аз муҳаррикони андеша ва афкор дар ҷаҳон дониста мешаванд.

Дар воқеъ, имсол дар Форуми Иёлоти Муттаҳида ва ҷаҳони ислом файласуфи саршинос, муаллифи китоби "Поёни таърих", Френсис Фукуяма, Маделейн Олбрайт, собиқ вазири умури хориҷии Амрико, Сойиб Ареқот, музокиракунандаи аршади фаластиниҳо дар гуфтугӯи сулҳи Ховари Миёна, Ҳомид Карзай, президенти Афғонистон, Залмай Халилзод, сафири доимии Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Милал ва дигарон ширкат хоҳанд кард.

Яке аз масъалаҳои умдаи анҷуман ҷустуҷӯи роҳи нав дар равобити байни ҷаҳони ислом ва Иёлоти Муттаҳида аст. Муаллифи чандин рисола дар таърихи ислом, мудири вобастаи Маркази тафоҳуми миёни мусулмонон ва насрониён дар Донишгоҳи Ҷорҷтауни Вошингтон, Ҷон Вал мегӯяд, барои дарёфти чунин роҳи нав бояд ҳар ду ҷониб хешро тағйир диҳанд: "Сиёсатҳои Амрико қатъи назар аз гароишҳои дипломатияи мардумӣ ниёз ба дигаргунӣ дорад. Ва бархӯрди мусулмонон низ ниёз ба таҳаввул дорад. Хеле боарзиш аст, ки тасмимгирандагон дар ҳайати ҳукумати Амрико ба беҳбуди равобит ва тафоҳуми фарофарҳангӣ ва байнулмилалӣ бештар талош кунанд ва муҳим аст, ин талошҳои ниҳоят муҳим идома дошта бошанд."

Дарвоқеъ, он гуна ки профессор Вал мегӯяд, талошҳои Форуми Иёлоти Муттаҳида ва ҷаҳони ислом ба оянда нигаронида шудаанд ва мавзӯъҳои он аз маҳдудаи муносибатҳои дуҷониба фаротар рафта, ба ҳамкории тамаддунҳо пайванд мегирад. Дар анҷуман намояндагони 25 давлат ширкат доранд, вале Эрон вакилони расмии худро ба форум нафиристодааст.
XS
SM
MD
LG