Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби даргузашти миллиардер Патаркатсашвилӣ


Полиси Бритониё мегӯяд, колбадшикофии ибтидоӣ нишон медиҳад, ки марги раҳбари оппозисюн ва соҳибкори сарватманди Гурҷистон, Бадрӣ Патаркатсашвилӣ сабаби табиӣ доштааст. Патаркатсашвилӣ -- мухолиф ва мунаққиди президенти Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ, ки дар муқобили ӯ худро номзади интихоботи президентӣ карда буд, шаби сешанбе дар манзилаш дар Лондон даргузашт. Озмоиши токсикологии ҷасади ӯ қарор аст, гумонҳои қатли ӯро аз байн барад. Миллиардери 52-сола аз поёни соли гузашта, замоне ки мақомоти Гурҷистон ӯро дар пайрезии табаддулоти давлатӣ айбдор карданд, дар Лондон ба сар мебурд.
XS
SM
MD
LG