Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости 13 миллион доллар барои кӯдакони афғон


Бунёди кӯдакони СММ (UNICEF) ҳушдор додааст, ки ҳазорҳо кӯдаки афғон бо камбуди озуқа, об ва дигар маводи ниёзи аввалия мувоҷеҳ мебошанд ва дар ҳамин ҳол низоъ имкон намедиҳад, ки кумакҳои башарӣ ба кӯдакон фиристода шаванд. UNICEF изҳор намудааст, ки барои баровардани эҳтиёҷоти 2,4 миллион кӯдаку зани афғон дар соли 2008-ум 13 миллион доллар зарур хоҳад шуд. Аслан соли равон UNICEF барои иҷрои барномаҳояш дар саросари олам ба 839 миллион доллар эҳтиёҷ доштааст. Беш аз ҳама кӯмакҳои UNICEF ба Покистон, Уганда, Судон ва Ҷумҳурии Демократии Конго фиристода мешаванд.
XS
SM
MD
LG