Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров алайҳи истиқлолияти Косово ҳушдор дод


Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар Женева гуфт, эълони якҷонибаи истиқлолияти Косово тамоми пояҳои суботи Аврупоро ба ҳам хоҳад зад.

Лавров гуфт: “Сухан дар бораи тахриби тамоми пояҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, дар бораи тахриби тамоми аслҳое меравад, ки Аврупо бо заҳмати азиме, дар натиҷаи ҷангҳову хунрезиҳо мураттаб карда ва дар пойдевори бинои худ гузоштааст. Сухан дар бораи тахриби аслҳоест, ки САҲА бар пояи онҳо бунёд шуда, ойинномаи СММ-ро низ бар пояи онҳо сохтаанд.”

Сергей Лавров гуфт, Русия иҷоза нахоҳад дод, ки муқаррароти байналмилалӣ дар масъалаи Косово зери по карда шаванд. Амрико ва бисёре аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз истиқлолияти вилояти умдатан албанинишини Косово пуштибонӣ мекунанд, вале Русия, аз муттаҳидини наздики Сербия, шадидан ба ин амр мухолиф аст.

XS
SM
MD
LG