Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Маскав ба ибтикори доктори улуми филологӣ Лайлӣ Лоҳутӣ - духтари Абулқосими Лоҳутӣ «Шоҳнома»-хонии мардуми эронитабор шуруъ шуд.

Шоҳномахонӣ дар шаҳри Маскавро созмони рушди равобити фарҳанги бо Эрон мавсум ба Персия ва ё Форс ташкил кард ва он чаҳор моҳ давом мекунад. Раиси ин созмон Ирина Абраменко гуфт, гардонандаи ин маҳфил шахсест ки бо Шоҳнома пайванди хунӣ дорад.

«Гардонандаи ин маҳфил Лайлӣ Лоҳутӣ аст, ки оилааш бо Шоҳнома пайванди хунӣ доранд. Бо шарофати хонаводаи хонум Лайлӣ мо имруз метавонем аз Шоҳнома баҳра бигирем. Тарҷумаи Шоҳнома бо эҳтимоми Силсила бону- модари Лайлӣ ва ҳамсари устод Лоҳутӣ - яке аз бузургтарин тарҷумонҳои адабиёти муосир тааллуқ дорад».

Хонум Лайлӣ таъкид кард, ки Шоҳнома ба забони русӣ дар Маскав тарҷума шудааст ва арзиши онро дорад, ки дар ин шаҳр Шоҳномахонӣ ба анъана дарояд. Силсила-бону ҳамроҳ бо устод Лоҳутӣ Шоҳномаро беш аз 30 сол тарҷума кардаанд. Хонум Лайлӣ чунин мегуяд:

«Тарҷумаи комили Шоҳнома орзуи устод Лоҳутӣ буд. Ва ӯ бо ҳамсараш шуруъ кардан ба тарҷума ва онҳо беш аз 30 сол Шоҳномаро тарҷума карданд. Ва соли 1957 ҷилди авали Шоҳнома омода буд ва тамоми оилаи устод Лоҳутӣ дар ин давра бо Шоҳнома бузург шудаанд.»

Ҳамоиши бузургдошти Шоҳномаи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар яке аз марказҳои муҳими фарҳангии Маскав дар осорхонаи политехникии ин шаҳр баргузор ва қарор аст 4 моҳ идома ёбад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG