Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ҷонибдори паймони нави коҳиши таслиҳот аст


Муовини аввали сарвазири Русия Сергей Иванов аз Маскаву Вашингтон даъват кард, ки музокироти нави назорат ва коҳиши аслиҳаи ҳаставиро таҳти сарвариашон қарор дода, ба ҷои паймони аввали маҳдудсозии аслиҳаи куштори ҷамъӣ, маъруф бо номи ОСВ-1 созиши ҷадиде таҳия намоянд.
Ҳамчунин ҳангоми суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси 44-уми шаҳри Мюнхен бахшида ба сиёсати амниятӣ Иванов таъкид кард, ки Маскав мақсад надорад дар муқобили таҳдидҳои кунунӣ блоки низомӣ ташкил кунад.
Русия борҳо бо ишора ба бунёди сипари зиддимушакии кишварҳои ғарбӣ дар Аврупои шарқӣ исрор варзидааст, ки мамолики ғарбӣ мехоҳанд сабқати таслиҳотиро аз сар гиранд. ДарпаёмихудбаиштирокчиёниКонфронсвазири мудофиаиИМАРобертГейтс иброз дошт, ки агар паймони Нато дар рафъи таҳдидҳои Толибони ошӯбгар дар Афғонистон ноком гардад, ин амал ба ифротгароҳои исломии саросари олам илҳом мебахшад.
XS
SM
MD
LG