Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи мавориди ҷиноёти ҷанг дар Шрӣ-Ланка


Нирӯҳои давлатии Шрӣ-Ланка дар рӯзҳои охири ҷанг
Нирӯҳои давлатии Шрӣ-Ланка дар рӯзҳои охири ҷанг
СММ мегӯяд, таҳқиқоти анҷомшуда “шавоҳиди мӯътамад”-е ба даст овардааст, ки дар рӯзҳои охири ҷанг алайҳи чирикиҳои ҷудоиталаби Тамил даст ба ҷиноёти ҷанг задани ҳам нирӯҳои давлатии Шрӣ-Ланка ва ҳам чирикиҳои “Баброни Тамил”-ро собит мекунад. Ин гузориш ҳамлаҳои давлатро сабаби марги “даҳҳо ҳазор” мардуми мулкӣ дар моҳҳои охири ҷанг меномад.
Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар соли 2009, дар пайи бо шикасти “Баброни Тамил” поён ёфтани ҷанги даҳсолаҳо тӯлкашидаи шаҳрвандӣ дар Шрӣ-Ланка ҷиҳати анҷоми чунин таҳқиқот дастур дода буд. Ин гузориш дирӯз дар Ню-Йорк нашр шуд. Давлати Шрӣ-Ланка аммо ба ин далел, ки нашри он ба раванди оштӣ дар ин кишвар латма хоҳад зад, аз СММ хоста буд, то аз ин иқдом худдорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG