Ироқ мегӯяд, ки аз соли 2003 ба ин сӯ дар ин кишвар 14 000 нафар бедарак шудаанд. Аркон Комил як мақоми расмӣ дар вазорати ҳуқуқи башар ин рақамро имрӯз эълон кард. Комил дар бахше кор мекунад, ки дархостҳоро аз хонаводаҳо ҷамъ меоварад ва дар бораи бедаракшудагон ба хонаводаҳо маълумот медиҳад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҷамъоварии маълумот аз хешовандон 15 рӯз давом мекунад. Дафтари нахуствазири Ироқ гуфтааст, ба бедаркшудагон ононе дохил мешаванд, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ, дар инфиҷорҳо ва дар ҳамлаҳои террористӣ бедарак шудаанд.