Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори садҳо зиндонӣ аз маҳбаси Қандаҳор


Ҳудуди 500 маҳбуси умдатан сиёсӣ аз зиндони Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон фирор кардаанд.

Дар бораи шумори фирориҳо як рақами дақиқе ҳанӯз дастрас нест. Мақомот дар бораи фирори аз 467 то 475 маҳбус, вале худи маҳбусон аз раҳо хӯрдани 541 нафар сӯҳбат мекунанд.
Нақб дар умқи дувуним метр канда шуда буд ва мо тавассути он қариб 360 метр хазидем...

Майор Ғулом Дастагир, мудири зиндони Қандаҳор ба
Радиои Озодӣ гуфт, маҳбусон шаби гузашта тавассути як нақби зеризаминӣ берун рафтаанд: “Бештари 467 зиндоние, ки фирор кардаанд, зиндониёни сиёсианд. Аз як русто то ба зиндон нақб кандаанд, вале комилан рӯшан нест, ки онҳо ин корро чӣ тавр анҷом додаанд. Полис қазияро таҳқиқ мекунад. Субҳи имрӯз дастикам 8 зиндонии фирорӣ дубора боздошт шуданд.”

Волии Қандаҳор Турёлай Исо аммо шумори маҳбусони фироркардаро 475 нафар баршумурда, гуфтааст, ҷангиёни толиб аз берун, аз манзиле дар канори ҷодаи Қандаҳор-Ҳирот ба самти зиндон нақб кардаанд ва дуруст то ба он қисмати зиндон, ки дар он маҳбусони сиёсӣ нигоҳ дошта мешуданд. Ба гуфтаи ӯ, ба истиснои як маҳбуси ҷиноӣ боқии фирориён ҳама сиёсианд.

НАҚЛИ ФИРОРӢ

Мақомот мегӯянд, тӯли нақб дастикам 360 метр буд. Толибон гуфтаанд, ки ҷангиёнаш ҳанӯз 5 моҳ қабл ба кандани ин нақб шурӯъ карда буданд. Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи ин ҷунбиши чирикӣ гуфт, ҳудуди 100 тан аз маҳбусони фироркарда аз фармондеҳони толиб ва боқӣ ҷангиёни қаторӣ будаанд.

Яке аз фироркардаҳо бидуни ифшои ном ба Радиои Озодӣ сӯҳбат дода, гуфт, ки шумори онҳо 541 нафар буд ва ҳамагӣ алакай ба маконҳои амн расидаанд: “Мо куллия ба сурати хеле муташаккилона фирор кардем. То субҳи имрӯз , яъне то даме ки мо ба макону манзили худ расидем, касе ҳатто хабар наёфт, ки мо фирор кардаем. Бисёрии мо ҷиддан мариз ё захмӣ буданд. Бархӯрди зиндонбонҳо нисбат ба мо хеле сахт буд. Нақб дар умқи дувуним метр канда шуда буд ва мо тавассути он қариб 360 метр хазидем. Вақте ман аз маҳбусони боқӣ пурсидам, маълум шуд, ҳамагии онҳо тавассути ҳамин нақб хориҷ шуда, ба манотиқи амн рафтаанд."

Дар зиндони Қандаҳор дар маҷмӯъ ҳудуди 1200 маҳбус нигоҳдорӣ мешуд. Дар 3 соли охир бори дуввум аст, ки маҳбусони ин зиндон фирор мекунанд. Дар соли 2008 аз маҳбаси Қандаҳор наздики 1000 зиндонӣ раҳо хӯрданд.

Он дафъа фирори онҳо бо роҳи таркондани дарвозаву девори зиндон тавассути ҳамлаи чирикиҳои толиб муяссар шуда буд. Аммо ин бор, тавре ба назар мерасад, Толибон аз шеваи нави кандани нақб кор бурдааст.

Дар ҳар сурат, фирори чунин шумори бузурги зиндониҳо нигарониҳо дар бораи вазъи амниятии вилояти Қандаҳорро бештар мекунад. Он ҳам дар ҳоле, ки ин минтақа то кунун ҳам ба маҳзи муқовимати чирикиҳои толиб аз ошӯбзадатарин вилоёти Афғонистон маҳсуб мешуд.

Пиромуни ҷузъиёти ин қазия гуфтугӯе доштем бо хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар Қандаҳор Муҳаммадсодиқи Риштинай, ки бо ангушт задани ин гӯша метавонед, онро шунид.

XS
SM
MD
LG