Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Яман аз қудрат канорагирӣ мекунад


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тасмими раиси ҷумҳури Яман барои канорагирӣ аз қудрат истиқбол кард. Дар баёнияи Кохи Сафед омадааст, “ҳукумати Амрико аз интиқоли мусолиматомези қудрат, ки посухгӯи ормонҳои мардуми Яман аст, пуштибонӣ мекунад.“ Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман рӯзи шанбе ба тарҳи кишварҳои арабии Халиҷи Форс мувофиқат кард, ки то як моҳи дигар ва ба шарти масӯният аз пайгарди қонунӣ аз қудтар канорагирӣ мекунад. Тайи ду моҳи гузашта мардуми зиёде бо талаби истеъфои Алӣ Абдулло Солеҳ, ки 32 сол боз дар Яман ҳукумат мекунад, тазоҳурот карданд. То 30 рӯзи дигар ӯ бояд қудтатро ба муовинаш бисупорад. Дар тазоҳуротҳои гузашта дар Яман 120 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG