Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи ҳунарии қирғизҳову тоҷикон дар Ботканд


Рӯзи ҷумъа дар вилояти Ботканди Қирғизистон ҷашнвораи ҳунарии ҳунармандони Қирғизистону Тоҷикистон бо номи “Айгул-Гули Сурх” баргузор шуд. Дар он ҳайати бузурге аз Тоҷикистон ба сарпарастии Қоҳир Расулзода-раиси вилояти Суғд ширкат кард. Дар вилояти Ботканд консерти муштараки ҳунармандони ҳар ду кишвар баргузор шуд. Боздиди ҳайати ҳунарии Тоҷикистон аз Қирғизистон рӯзи шанбе низ идома меёбад. Сипас ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба шаҳри Хуҷанд-маркази вилояти Суғд меоянд ва ҷашнвораи ҳунариро давом медиҳанд. Ҳадаф аз баргузории ҷашнвораи кунунӣ таҳкими дӯстии миёни аҳолии манотиқи марзии ду кишвар аст. Вақтҳои ахир муносибати аҳолии манотиқи марзӣ бар сари масъалаҳои замину об ё истифода аз роҳ сард шудааст.
XS
SM
MD
LG