Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон дар ҳамлае 22 тундрав кушта шуданд


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, ки як ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ дар наздикии марз бо Афғонистон хонаеро ҳадафи мушак қарор додааст ва дар он 22 нафар кушта шудаанд. Манотиқи қабиланишини Покистон дар имтидоди марз бо Афғонистон паноҳгоҳи афроди ал Қоида ва Толибон ба шумор меравад. Хонае, ки имрӯз ҳадафи оташ қарор гирифт, дар он афроди тундрав қарор доштаанд, вале мақомот мегӯянд, ки дар миёни кушташудагон баъзе сокинон низ будаанд. Бино ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, дар як ҳодисаи дигар дар натиҷаи ҳамлаи тундравҳои исломӣ ба посгоҳи амниятӣ дар наздикии марз бо Афғонистон 14 корманди амниятӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG