Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳо имсол 1,6 миллиард сомонӣ қарз додаанд


Бонкҳои Тоҷикистон дар 3 моҳи аввали сол ба мизоҷон ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ, муодили тақрибан 360 миллион доллар, қарз додаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дувуним маротиба бештар будааст.
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллӣ гуфт, аз се ду ҳиссаи ин вомҳо бо пули сомонӣ иттихоз шуда, фоизи миёнаи бонкҳо зери 23 дарсадро ташкил медиҳад. Феълан дар Тоҷикистон 138 муассисаи қарзӣ, бо шумули 14 бонк, фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG