Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати журналистони ғарбӣ дар Мисротаи Либия


Аккос ва филмбардор Тим Ҳетерингтон ва журналист Крис Ҳондрос
Аккос ва филмбардор Тим Ҳетерингтон ва журналист Крис Ҳондрос

Ду рӯзноманигори аккоси ғарбӣ дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Мисрата кушта шуданд.

Ин шаҳр дар муҳосираи нирӯҳои ҷонибдори Муаммар Қаззофӣ қарор дорад ва ин аксбардорон ҳангоми иҷрои вазифаи худ ба қатл расиданд. Ин ду рӯзноманигори аккос аз ҷумлаи садҳо нафаре ҳастанд, ки дар даргириҳои ин шаҳри ғарбии Либия кушта шудаанд. Даргириҳо дар Либия аз ду моҳ ба ин сӯ идома дорад.

Тим Ҳетерингтон яке аз ин рӯзноманигорон зодаи Британия, ки барои дарёфти ҷоизаи Оскар номзад шуда буд, филмбардорӣ ҳам мекард. Аккоси дигар Крис Ҳондрос барои ширкати “Геттӣ” аккосӣ мекард ва барандаи яке аз ҷоизаҳои аккосӣ низ ба шумор мерафт.

Ҳардуи онҳо рӯзи чаҳоршанбе дар даргириҳои миёни ҷонибдорони Муаммар Қаззофӣ ва шӯришиён дар хиёбони Троблуси шаҳри Мисрота ба қатл расиданд. Ду нафари дигар аз ҳамроҳони онҳо ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба гузориши рӯзномаи "The Washington Post", ин рӯзноманигорон як ҷо бо шӯришиён ба ин хиёбон омадаанд. Гуллермо Сервера, аккоси испаниёӣ аз бемористон бо хабаргузории Reuters чунин гуфт:

“Мо дар хиёбони Троблус кор мекардем. Аз оташи мушакандоз осеб дидем. Мо ақибнишинӣ мекардем, чунки аз диргирӣ тарсида будем, дар ҳамин асно мушак афтод, мо ва гурӯҳ осеб дидем.”

Рӯзномаи "The Washington Post" гузориш додааст, ки Ҳетерингтони 40-сола баъд аз 15 дақиқаи ин ҳодиса баъд аз он, ки ба бинои ёрии тиббӣ расонда шуд, ҷон дод. Аз пояш хун мерафт. Аммо Ҳонроси 41-сола аз сараш захм бардошта буд ва аз ин ҷароҳат даргузашт.

Мусо Иброҳим-сухангӯи ҳукумати Либия гуфтааст, нирӯҳои онҳо касонеро, ки бар зидди онҳо ҷанг намекунанд, ба қатл намерасонанд.

Аммо шӯришиён мегӯянд, ки нируҳои Қаззофӣ мунтазам ба сокинони Мисрота ҳамла меоранд. Ҳомид Абуфалғо-пизишке аз кумитаи тибби Мисрота ба хабаргузории Reuters гуфт, дар ҳамон рӯз ба ҷуз аз ин ду рӯзноманигори ғарбӣ 7 шаҳрванди Либия ва як пизишки украинӣ ба қатл расидаанд ва 120 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Созмонҳои имдодрасон мегӯянд, дар шаҳри Мисрота захираи сӯхт, маводи ғизоӣ ва доруворӣ ба поён мерасад. 20-ӯми апрел Нэвӣ Пиллай -Комиссари Олии Ҳуқуқи Башари СММ аз ин бӯҳрони пешомада ҳушдор дод ва нирӯҳои Қаззофиро барои чунин ҳамлаҳо муттаҳам кард.
Ҳамзамон паёмҳои таслиятӣ барои куштори Ҳетерингтон ва Ҳондрос пахш мешавад.

Ҷей Карней-сухангӯи Кохи Сафед аз куштори рӯзноманигорон изҳори таассуф кард ва аз либияву кишварҳои дигар дархолст кард, ки аз рӯзноманигорон дифоъ кунанд. Вай гуфт, “рӯзноманигорон ҳар рӯз дар саросари ҷаҳон ҷони худро дар хатар мегузоранд, то моро аз рӯйдодҳои ҷаҳон бохабар созанд”.

Дар Либия ду рӯзноманигори дигар ҳам кушта шуда буданд. Муҳаммад ал- ал Наббус-муассиси сомонаи интернетии ал Ҳурра ва Алӣ Фасан ал Ҷаббор-наворбардори телевизиони Алҷазира низ кушта шуда буданд. Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон 80 мавриди ҳамла ба журналистон дар Либия сабти ном кардаанд.
XS
SM
MD
LG