Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи ёрии бештари Фаронса ба чирикиҳои Либия


Дидори Никола Саркозӣ ва Мустафо Абдуҷалил
Дидори Никола Саркозӣ ва Мустафо Абдуҷалил
Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ба хотири кумак ба набарди чирикиҳои Либия дар шаҳри Мисрота ва таъмини пирӯзии онҳо бар Муаммар Қаззофӣ, ки 42 сол боз бар ин кишвари арабии шимоли Африқо ҳукумат меронад, ҷиҳати тақвияти ҳамлаҳои ҳавоии НАТО алайҳи нирӯҳои Қаззофӣ ваъда супурдааст. Мустафо Абдулҷалил, раҳбари Шӯрои миллии гузори Либия баъд аз мулоқот бо Саркозӣ гуфт, ки ба онҳо ваъдаи кумаки бештар шудааст. САДО
Дар талоши дигари кумак ба чирикиҳо, Фаронсаву Итолиё ба дунболи Бритониё эълон карданд, ки низ мушовирони низомии худро ба Либия мефиристанд. Амрико аз ин қарори се узви аврупоии НАТО истиқбол кард. Кохи Сафед вале гуфт, маъмурияти Барак Обама то ҳол сароҳатан қасди эъзоми нирӯҳои Амрико ба Либияро надорад.
XS
SM
MD
LG