Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия тазоҳуроти зиддидавлатӣ идома дорад


Бо вуҷуди он ки давлати Сурия ба вазъи фавқуллодаи 48-сола, дар ин кишвар хотима дод, бино ба гузоришҳо, тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар шаҳри Бониёси Сурия идома кардааст. Хотима додан ба вазъи фавқуллода муҳимтарин талаби тазоҳургарон буд, ки бештар аз як моҳ аст, раҳпаймоӣ мекунанд. Вале айни замон онҳо талаб доранд, то Башшор Ассад, раиси ҷумҳури Сурия низ истеъфо диҳанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ то кунун дар тазоҳуротҳои Сурия бештар аз 200 нафар кушта шудаанд. Як рӯз пештар аз ин нерӯҳои амнияти Сурия ба сӯи тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар шаҳри Ҳум, саввумин шаҳри бузурги кишвар тир андохтанд.
XS
SM
MD
LG