Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бекор шудани вазъи фавқулода дар Сурия


Тибқи хабари оҷонсии давлатии Сурия, ҳукумат қонуни вазъи фавқулодаро, ки қариб панҷоҳ сол дар ин кишвар ҳукмрон буд, бекор кард. Ин яке аз талабҳои эътирозгарони ин кишвар аз ҳукумати Башор Асад будааст.

Ҳанӯз худи Асад зери ин қонун имзо нагузоштааст, ҳарчанд мегӯянд, тасвиби ин қонун як расмият беш нест. Хабаргузории САНО мегӯяд, ки ҳукумат инчунин додгоҳи давлатии амниятиро, ки машғули муҳокимаи зиндониҳои сиёсӣ аст, лағв карда бо ин роҳ иҷозаи баргузории эътирозҳои сулҳомезро фароҳам овард.

Вале ҳанӯз маълум нест, ки то куҷо қонуни нав барои коҳиши намоишҳои эътирозӣ сабаб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG