Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ: "Тасмими ниҳоиро конфронси ноҳиявӣ мегирад"


Шӯрои сиёсии ҲНИТ тасмими ниҳоӣ дар бораи ширкати намояндаи ин ҳизб дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи Синоро ба конфронси ноҳиявии ин ҳизб вогузор кардааст. Саидиброҳими Назар, номзади мӯътариз аз ҲНИТ ба радиои Озодӣ гуфт, ба далели ин, ки комисссияи интихоботӣ таъкид кардааст, ки ҳаққи бозпас гирифтани номзадро танҳо конфронси ноҳиявии ҳизб дар ихтиёр дорад, ин салоҳият ба онҳо вогузор шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Назар, конфронси ноҳиявии ҳизб қарор аст дар 1-2 рӯзи оянда баргузор шавад.

Саидиброҳими Назар рӯзи 5-уми апрел аз ворид нашудани аъзои ҲНИТ ба ҳайати комиссияҳои раъйшуморӣ эътироз карда ва гуфта буд, ки дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Синои пойтахт иштирок намекунад. Аммо алорағми хоҳиши худи оқои Назар, комиссияи интихоботӣ вайро ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон сабти ном кардааст. Интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавзаи "доғ" рӯзи 15-уми май баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG