Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲИУ аз худ дарак медиҳад


Як нафар ба Радиои Озодӣ занг зад ва худро Абдуфаттоҳ Аҳмадӣ номида, иддао кард, ки ӯ сухангӯи нави Ҳаракати исломии Узбакистон аст. Гурӯҳи ёдшударо ИМА дар рӯйхати созмонҳои террористӣ ҷой додааст.

Ҳаракати исломии Узбакистон бо созмони террористии ал-Қоида иртибот дошта, муддате дар як саф бо Толибони афғон буд. Тибқи хабарҳо, соли 2001 дар ҷараёни амалиёти байналмилалии зидди терроризм пайравони ҳаракати исломии Узбакистон бо хисороти зиёд ба минтақаи қабилаҳои шимолу ғарби Покистон фирор карданд. Аксари шореҳон ин амалро хотирнишон намуда, таъкид мекунанд, ки гурӯҳ фалаҷ шудааст.

Сӯҳбат бо Аҳмадӣ чанд муддат пас аз мушакборони мавқеъҳои ал-Қоида дар шимоли Вазиристони Покистон ба вуқӯъ пайваст. Дар он ҳамла як идда раҳбарони воломақоми ал-Қоида аз ҷумла Абу Лайс ал-Либӣ ба қатл расиданд. Баъзе расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки дар байни қурбониҳо шаш ҷангҷӯй аз Осиёи Марказӣ буданд.

Аз эҳтимол дур нест, ки ин шаш нафар аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон буданд ва ҳадаф аз тамоси телефонии Аҳмадӣ ин буд, ки наҷотёбии Ҳаракати исломии Узбакистонро собит намояд. Аҳмадӣ мегӯяд, ки пайравони Ҳаракати исломии Узбакистон ҳамроҳ бо силоҳбадастони гурӯҳи Бисматуллоҳ Маҳсуд бар зидди артиши Покистон қиём кардаанд:

"Як ҳафта инҷониб нерӯҳои артиши Покистон дар Спинкай Макин ва Размак бар зидди мусулмонони қабилаҳо амалиёт пеш мебаранд. Ҳукумат бо хисороти зиёд мувоҷеҳ шудааст. Баъзе мавқеъҳои ҳукуматӣ ишғол ва дигараш нобуд карда шуд."

Дар бораи шумораи силоҳбадастони Ҳаракати исломии Узбакистон Аҳмадӣ чизе нагуфт, вале расонаҳои хабарӣ иттилоъ медиҳанд, ки дар минтақа аз 500 то 1000 силоҳбадасти ҲИУ ҳузур доранд. Моҳи гузашта Тоҳир Юлдош, ки худро раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон меномад, навори видео бо даъват ба ҷиҳодро интишор намуд.

Аҳмадӣ мегӯяд, ҳадафи гурӯҳ ҳамоно аз байн бурдани ҳукумати президенти Узбакистон Ислом Каримов мебошад. Соли 1999 вақте гурӯҳ дар қаламрави Қирғизистон зуҳур намуд, шиори он аз байн бурдани ҳукумати Ислом Каримов буд.

Солҳои ахир чандин иттилоъ дар бораи ҳамлаҳои пайравони Ҳаракати исломии Узбакистон ба табъ расида буд. Ин гурӯҳ масъули бомбгузории моҳаи маи соли 2005 дар шаҳри Душанбе ва ҳамла болои посгоҳи марзбонон дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон номида мешавад.

Ҳафтаи гузашта мақомоти қирғиз дар бораи боздошти Абдулҳай Юлдошев, раҳбари шӯъбаи маҳаллии Ҳаракати исломии Узбакистон хабар доданд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Боқит Сайидов маълумот дод.

Ҷангҷӯёни Ҳаракати исломии Узбакистон чанд сол боз ҳамроҳ бо силоҳбадастони қабилаҳои маҳаллӣ бар зидди артиши Покистон меҷанганд ва моҳи гузашта хабаре паҳн шуд, ки Тоҳир Юлдош яке аз пешвоёни ин ҳаракат кушта шудааст. Вале баъди нашри навори видео собит шуд, ки ӯ зинда аст.

Ҳукумати ИМА барои иттилоъ, ки ба боздошти Тоҳир Юлдош кумак хоҳад кард, 200 000 доллар мукофот эълон намудааст.

XS
SM
MD
LG