Мавзуъҳои барнома:
Ду нафар бузургустоди шатранҷ – Левон Аронян аз Арманистон ва Магнус Карлсен аз Норвегия бо касби 8-имтиёзӣ ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Вейк-ан-Зееи Ҳолланд гардиданд. Қаҳрамони ҷаҳон Вишванатан Ананд аз ғолибон ним имтиёз камтар ба даст овард.
Дастаи мунтахаби мардонаи Дания қаҳрамони Аврупо дар риштаи ҳандбол гардид. Ин даста дар бозии ниҳоӣ дар шаҳри Лиллехаммери Норвегия бар дастаи Хорватия бо натиҷаи 24 : 20 пирӯз шуда, ба Олимпиадаи Пекин роҳхат гирифт.
Паҳлавони Русия Георгий Кетоев, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, беҳтарин гуштигири мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии озод барои шоҳҷоизаи «Иван Яригин» гардид. Мизбони ин мусобиқаи анъанавӣ - устондори устони Красноярск Кетоевро ба маблағи 300 ҳазор рубл мукофотонид. Воқеъан Кетоев соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати ниҳоӣ дар вазни то 84 килограмм бар намояндаи Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов дастболо шуда буд.
Муштзани машҳур Майк Тайсон, собиқ қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар вазни сангин дар як мусоҳибаи ахири худ ба нашрияи интернетии boxingtalk.com изҳор доштааст, ки ӯ омода аст танҳо ба хотири рақобат бо Эвандер Холифилд ба ринги ҳирфаӣ баргардад. Ба гуфтаи Тайсон, ки 30-юми июн 42-сола мешавад, бозгашти ӯ ба ринг ё майдончаи бокс, инчунин аз маблағи ҳаққузаҳмат бастагӣ дорад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Ҷопон ғолиби мусобиқаи «Дӯстӣ» гардид. Ҷопониҳо дар бозии ниҳоӣ дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа бар тими ҷавонони Лаҳистон бо натиҷаи 6 бар 1 ғалаба карданд. Дастаи Узбакистон, ки бар ҳамсолони худ аз Чин бо натиҷаи 2 : 1 ғолиб шуд, ҷои севумро касб кард.
Дар ин маҷалла мусоҳибаи мо бо Зоир Бобоев, мураббии маъруфи футболи тоҷик, дар бораи вазъи кунунии футбол дар Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад. Оқои Бобоев мегӯяд: «Барои он ки футболи тоҷик рушд ёбад, пеш аз ҳама сатҳи мусобиқоти қаҳрамонии кишварро баланд бардоштан зарур аст. Ҳар сол дар лигаи олии кишвар аслан 2-3 дастаи маъруф муддаъиёни унвони қаҳрамонӣ мебошанд, вале дастаҳои дигар хеле заифанд. Камбуди маблағ ба бисёр дастаҳо имкон намедиҳад, ки ба мусобиқот ҳамаҷониба омода шаванд. Ҳамчунин масъулини соҳа бояд ба дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд, зеро дар феҳристи FIFA Тоҷикистон дар соли 2007 байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷои охирин қарор дорад. »
Дар маҷалла, инчунин, гузориш аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон омода шудааст. Ин донишкада, ки соли 1971 таъсис ёфтааст, манбаи омодасозии кадрҳои соҳа, аз ҷумла, омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ барои макотиби миёнаву олии кишвар ба шумор меравад. Раиси ин донишкада Абдулҳаким Розиқзода дар як нишасти матбуотӣ, ки дар ин ҷо баргузор шуд, аз ҷумла, ба хабарнигорон гуфт: «Иштироки донишҷӯёни мо ба таълим беш аз 90 фисадро ташкил додааст, ки ин нишондод байни 24 мактаби олии шаҳри Душанбе назаррас мебошад. Вале барои пешрафти кори таълим дар донишкада ҳоло мушкилоту масоили ҳалталаб, минҷумла, нарасидани кадрҳои баландихтисос ва лавозимоту таҷҳизоти варзишӣ ҷой доранд. Инчунин маблағе, ки аз буҷаи давлат ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ихтисос дода мешавад, хеле кам аст. Биноҳои таълимӣ ва иншооти варзишии донишкада ба таъмири асосӣ ниёз доранд».
Барои шунидани барнома ишораи ауидо дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.