Иёлоти Муттаҳида ва Қазоқистон ба густариши ҳамкориҳои низомии худ ризоият додаанд. Ноиби ёвари вазири дифоъи Амрико, Митчел Шиверс дар суханроние дар Алмато, аз ҳузури ҳарбии Қазоқистон дар Ироқ истиқбол кард ва гуфт, кишвараш розист робитаҳои ҳарбӣ бо Қазоқистонро густариш диҳад. Зимни созишҳои феълии ҳамкориҳои дуҷониба Иёлоти Муттаҳида ба Қазоқистон абзори низомӣ медиҳад ва барои он мутахассис омода мекунад.