Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи конфронси байнулмилалӣ дар Душанбе


Дар шаҳри Душанбе конфронси байнулмилалии «Амният – ҳамчун асоси муносибатҳои стротежии Русия ва Тоҷикистон» идома лорад.

Ин конфронс, ки қарор аст ду рӯз давом кунад, аз тарафи Маркази тадқиқоти стротежии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон (МТС) ташкил шудааст.
Ба гуфтаи Сайфуллоҳ Сафаров, муовини сардори МТС, дар кори ин конфронси байнулмилалӣ, аз ҷумла,намояндагони Думаи давлатии Федеросюни Русия ва сафорати Русия дар Тоҷикистон ширкат мекунанд. Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар конфронси мазкур масоъили ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза алайҳи терроризм баррасӣ мешаванд.
Ширкаткунандагони конфронс то ҳоли ҳозир мавзӯъҳоеро чун роҳҳои муъосири мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, паҳншавии маводди мухаддир, ҳамчун яке аз сарчашмаҳои молии терроризми байнулмилалӣ, инчунин роҳҳои таъмини таъмини амният аз таҳдидҳои терроризм, ва масоъили амнияти минтақавии кишварҳои Осиёи марказӣ муҳокима ва баррасӣ гардиданд.
Ба ақидаи С. Сафаров, баргузории ин конфронс, ки Академияи масоъили амният, мудофиъа ва ҳифзи тартиботи ФР низ аз ташкилкунандагони он мебошад, ба идомаи ҳамкории муассир бо шарики асосии боэътимоди кишвар – Русия – мусоъидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG