Бо дархости гуруҳҳои ҳомиёни ҳуқуқи башари исроилӣ, қазияи то куҷо қонунӣ будани инзивоъи иқтисодии Навори Ғаза дар додгоҳи олии Исроил бозрасӣ гардид. Зимни муҳокима намояндаи ҳукумати Исроил эълом намуд, ки интиқоли сӯзишворӣ аз сар гирифта мешавад ва ин ҳафта ба Ғаза ду миллиону 200 ҳазор литр сузишворӣ фиристода мешавад. Ин миқдор маводи сӯхт барои фаъолияти ягона неругоҳи барқии Ғаза кофист.
Панҷ руз пеш ошубгарони ҷумбиши ҲАМОС, ки Ғаззаро таҳти назорат доранд, девори амнияти миёни ин минтақа ва Мисрро тахриб кардаанд. Садҳо ҳазор нафар вориди Миср шудаанд ва аксарият баъд аз харидани маводи озуқа ва дигар молу маводи зарурӣ ба манзилҳояшон баргаштанд. Ва аммо теъдоди бузуги фаластиниҳо ҳанӯз ҳам дар Миср ба сар мебаранд. Мақомоти кишвари ҳамсоя аз раҳбарияти ҲАМОС талаб карданд, ки дар зудтарин фурсат низомро дар марз барқарор кунад.
Кормандони ниҳодҳои интизомии Миср талош карданд, ки аз равуои бенизоми фаластиниҳо дар марз ҷилавгирӣ кунанд, аммо фаластиниҳо бо пуштибонии силоҳбадастони ҲАМОС ба кормандони полис муқовимат карда, ба баста шудани марз имкон надоданд.
Баъд аз он ки ҷумбиши ҲАМОС шаш моҳ пеш бо истифода аз неру идораи Ғазаро ба итоати худ даровард, ҳукумати Миср ҳар гуна гуфтушунид бо ин ҷумбишро рад мекунад. Миср хостори он шудааст, ки тарзи ҳифзи марз чун пештара, яъне шаш моҳи пеш, ба роҳ монда шавад. Он вақт гузаргоҳҳои марзиро фаластиниҳо ҳимоят мекарданд ва назорати ҷараёни равуо бар ӯҳдаи нозирон аз Иттиҳодияи Аврупо буд.
Дар ҳамин ҳол, раиси ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ва нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт дар як мулоқот изҳор намудаанд, ки бояд аз рух додани бӯҳрони башарӣ дар Навори Ғаза ҷилавгирӣ шавад.
Ҳоло куҷост он раиси ноҳия? Ба чӣ кор машғул аст? Дар кадом ноҳияи дигар боз раисӣ дорад? Прокуратураи генералӣ чаро он раисро ба ҷавобгарӣ накашидааст? Чихел барои як замин се қарор мебаромадааст? Камаш ду сол бояд зиндон шинад он раис.
Маҷлис гузаронӣ солҳои ҳафтодум барин, ҳоли мардум солҳои чилум барин. Куҷо мерафта бошад ин аробви шикастаи ҳукумати Раҳмон?
Хамаи корхоро давлатхои Аврупо медонад пас чаро чораи ин фасодкорхоро намебинад еки миллионхо равон мекунанд умуман бояд равон накунанд то он вакте фасолкори ай давлати мотнаравад
вместе с диктаторским режимом ибо диктатором является рахмон и его семья также РАДИО СВОБОДА также продажная потому что не опубликует глас народа!
Ба чаноби оли расондан лозим аст ки айнан хатогии Амир Олимхонро дар солхои 1917 такрор карда истодааст. Як бор хамон китоби Точикони Бобочон Гафурова ки халка мачбури дода истодааст худаш варак занад якбор. Давраи ҳукмронии Амир Олимхон хеле мушкил барои халқ буд. Халқ аз ҳукмронии ӯ норизо буданд. Дар ҳудуди аморати Бухоро тез-таз шӯришҳои халқӣ сар мезад, ки онҳо бераҳмона пахш карда мешуданд. 2 сентябри соли 1920 дар натиҷаи ғалабаи инқилоби халқӣ ҳукумати Муҳаммад Сайид Олимхон сарнагун карда шуд ва ӯ ба Бухорои Шарқӣ фирор карда, аз он ҷо соли 1921 ба Афғонистон гурехт ва дар он ҷо вафот кард.Дар муҳоҷират бо савдои пӯсти қароқулӣ дар шаҳри Кобули Афғонистон рӯз мегузаронид. Ҳисоби бонкиаш (зиёда аз 27 млн. рубли тилоии русия) аз ҷониби ҳукумати ИҶШС баста шуда буд, Дар бонкҳои Британияи Кабир ва Фаронса инчунин, зиёда аз 150 млн. рубл пасандоз дошт. Ӯ дар ш. Кобул 5 майи соли 1944 аз олам чашм пушидааст.