Пайвандҳои дастрасӣ

Бо чиптаи арзон ба кайҳон


Рӯзномаи «Известия»-и чопи Маскав менависад, Элизабет Чейнӣ, духтари калони Ричард Чейнӣ, собиқ раисҷумҳури Амрико, эълом доштааст, ки мушовири масоили сиёсати хориҷии Митт Ромнӣ, номзад ба мақоми раисҷумҳури Амрико аз ҷумҳурихоҳон хоҳад шуд. Ба навиштаи рӯзнома, хонум Чейнӣ дар изҳороти худ гуфтааст, губернатори Массачусетс Митт Ромнӣ дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ худро ба сифати як раҳбаре муаррифӣ кард, ки Амрикоро раҳбарӣ карда метавонад ва ҳамчунин усули бо таҳдидҳои феълии ҷомеа муқобила карданро медонад. Ва хонум Чейнӣ афзудааст, ифтихор мекунад, ки имкони пуштибонӣ аз инчунин номзад барояш фароҳам шудааст. Ба қавли «Известия», Элизабетт Чейнӣ то соли 2006 ба сифати муовини мушовири котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида доир ба масоили Шарқи Наздик кор мекардаст.

Нашрияи англисии «Гардиан» аз пирӯзии Барак Обама, номзади Ҳизби демократ дар интихоботчаи раёсати ҷумҳури Амрико дар иёлати Каролинаи ҷанубӣ хабар додааст. Ба навиштаи рӯзнома, дар ҳоле Барак Обама 55 дарсади раъйи интихобкунандагон дар ин иёлатро ба даст овард, ки аз ҳарифи ҳарифи ӯ хонум Ҳилларӣ Клинтон, ҳамсари Билл Клинтон, раисҷумҳури собиқи Амрико танҳо 27 дарсад пуштибонӣ кардаанд.

Рӯзнома менависад, оқои Обама пас аз ин пирӯзии худ гуфтааст, натиҷаи раъйдиҳӣ дар Каролинаи ҷанубӣ далели он аст, ки пирӯзии аввалинаш дар Айова тасодуфӣ набуд.

Ба навиштаи «Гардиан», Барак Обама нахустин номзади сиёҳпуст ба мақоми раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида нест, ки дар иёлати Каролинаи ҷанубӣ пирӯзӣ ба даст меорад. Дар соли 1988 низ номзади дигари сиёҳпӯст Ҷейси Ҷаксон 54 дарсади раъйи интихобкунандагон дар ин иёлатро ба даст оварда буд, вале дар интиҳо рақобат ба ҳарифи худро бохт.

Рӯзномаи амрикоии «Ҳералд трибюн» менависад, дар ҳоле ки Русия талошҳои ҷиддии вобаста кардани Аврупо ба нафту гази худро дорад, Иттиҳодияи Аврупо бо Туркия сари масъалаи нархи лӯлаҳо дар ихтилофанд. Рӯзнома навиштааст, моҳҳои ахир ширкати «Газпром»-и Русия дар минтақаи Балкан фаъолияти зиёд густарда мебарад, минтақае, ки дар он Русия ва Иттиҳодияи Аврупо барои ба даст овардани нуфузи бештар муроқибат доранд.

«Ҳералд трибюн» менависад, ҳукуматҳои Булғористон ва Сербия дар робита ба ин фаъолиятҳои «Газпром» гуфтаанд, ин иқдом амнияти энержии Аврпоро меафзояд, ва меафзояд, аммо дар асл ба дунболи ин, вобастагии Аврупо ба гози Русия бештар мегардад, ки ин дар замони начандон дур ва ҳамчунин оянда хеле махуф аст. Ба навиштаи рӯзнома, сарфи назар аз ин ояндабинии Русия, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дастҳо болои ҳам монда фаъолиятиҳои Русия дар Балканро тамошо мекунанд.

Рӯзномаи «Ное Тсюрхер Тсайтунг»-и Швейтсария хабар додааст, ки имкон аст, дар соли 2010 харидории чиптаи парвоз ба кайҳон бо арзиши 200 ҳазор доллар фароҳам биёяд. Рӯзнома менависад, ширкати «Вирҷин галактик» намунаи тарҳи ниҳоии киштии кайҳонии мусофирбарро муаррифӣ кардааст, ки он дар асоси кишти кайҳонии «Спейс шип ван» тарҳрезӣ шудааст, киштие, ки дар соли 2004 парвозҳои худ ба кайҳонро муваффақона анҷом медод. Ба қавли рӯзнома, аммо феълан арзиши парвози як нафар аз тариқди киштии кайҳонии «Союз»-и Русия 20 миллион доллар арзиш дорад.

Рӯзнома меафзояд, киштии кайҳонии ҷадид 18 метр тул дошта дар он 8 нафар - 2 сарнишин ва 6 мусофир метавонанд парвоз кунанд. Ба навиштаи рӯзнома, масъулини кишти кайҳонии ояндаи мусофирбар хабар додаанд, ки дар ҳоли ҳозир 200 нафар, ҳар кадоме бо арзиши 200 ҳазор долларӣ чиптаи сафар ба кайҳонро харидорӣ карданд ва 85 ҳазор нафари дигар хоҳиши дарёфти ин чиптаи саёҳат ба кайҳонро доштаанд.

Ва нашрияи англисии «Дейли телеграф» менависад, баҳсҳо атрофи шабаҳе, ки соли 2004 «Спирит», дастгоҳи раҳпаймои сайёраи Марс аккосӣ кардааст, баландтар мешавад. Ба навиштаи рӯзнома, бархеҳо мегӯянд, ин шабаҳи одами барфӣ аст, бархе дигар ҷисми муқаррарии ин сайёра будани онро таъйид мекунанд. Рӯзнома менависад, аз сӯҳбатҳо чунин бармеояд, ки ин акси дар Миррих аккосишуда пайкараи парии обиест, ки шабеҳи он дар Копенҳаген, пойтахти Дания кандакорӣ шудааст ва ба ин манзур мегӯянд, Данияро сокинони дигар сайёраҳо бунёд карданд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG