Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи коршиносон тоҷик ба тағйирот дар ҳукумат


Таҳлилгарон аксаран бар инанд, ки кадрҳои нави ҳукумат низ дар ҳалли мушкилоти кишвар дасти кӯтаҳ доранд ва намешавад ба тағйири вазъ ба онҳо умед баст.

Гурӯҳе муддаист, ки ин кадрҳои ба истилоҳ «нав»-и ҳукумат аллакай захоири зеҳнии худро масраф кардаанд, аммо коршиносоне ҳам ҳастанд, ки қаробати «навраисон» ба раисиҷумҳурро таъкид мекунанд ва гӯиё танҳо ба хотири «садоқатсолорӣ» ба раҳбари давлат онҳо соҳиби курсиҳои нав шудаанд.
26-уми январ тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон муовини нахуствазир, вузарои беҳдошт ва кишоварзӣ, раиси Бонки миллӣ бо муовинонаш, раҳбарони кумитаҳои сармоягузорӣ ва ҳолатҳои изтирорӣ бо ҷамъи руасои чанд шаҳру ноҳия ва фарҳангистону донишгоҳҳои давлатӣ аз мақомоти худ барканор шуданд. Аммо барои маҳофили сиёсӣ ва шояд ҳам сокинони кишвар ғайричашмдошт ин буд, ки раиси ҷумҳур бидуни кадом як сабаби рӯшан муовини нахаствазир Хайриннисо Юсуфиро аз симаташ барканор кард ва Муродалӣ Алимардонро, ки дар ду соли ахир мавриди интиқоди шадиди расонаҳои хабарӣ ва худи раиси ҷумҳур қарор мегирифт, ба мақоми баландтари муовинати нахуствазир дар умури иқтисод таъйин кард.
Гузашта аз ин, вузарои энержӣ ва саноат, рушди иқтисод ва тиҷорат, молия ва раҳбари ширкати «Барқи тоҷик», ки дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон барои «бемасъулиятӣ» ва заъфи кори ниҳодҳояшон аз сӯи раиси ҷумҳур шадидан танқид шуданд ва дар ҳоле ки интизор мерафт, аз симаташон барканор мешавад дар мақомҳои худ бозмонданд,.
Коршиноси мустақил Ҳикматулло Сайфуллозода дар робита ба тағйироти ахир дар ҳукумат мегӯяд, ки то ҳанӯз решаи маҳалгароӣ дар ҳукумати кишвар ба умқ фурӯ меравад ва раҳбарияти Тоҷикистон ҳангоми таъини кадрҳо ба маҳалли номзад увлавият медиҳад, на ба касбияти ӯ:
«Ин мушкилоти дарднок дар ҷомиъаи мо ҳанӯз вуҷуд дорад, тавре ки мебинем, раиси нави Бонки миллӣ, вазири беҳдошт ё тандурустӣ ва аксар аз афродии навтаъин дар ҳукумат низ аслан намояндагони ҳамон маҳалле ҳастанд, ки ҳокимият дар дасти онҳост. Барои банда, бисёр ногаҳонист, ки чаро бе сабаб муовини нахуствазир Хайриннисо Юсуфиро аз мақомаш барканор карданд, аммо вазироне, ки раиси ҷумҳур дар ҷаласаи ҳукумат танқид кард ва бинобар заъфи корашон ба истеъфо фиристода мешуданд, дар мақомҳои худ бозмонданд».
Тағйироти дигари намоён ва шояд ногаҳонӣ дар ҳукумат таъйини собиқ раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов ба маснади вазирии кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист буд. Вақте як соли пеш Қосимов аз мақомаш барканор шуд, дар маҳофили сиёсӣ сару садоҳои зидду нақиз дар мавриди тақдири минбаъдаи ӯ пайдо шуданд, гӯё муносиботи Қосимов бо раиси ҷумҳур ба сардӣ гароид ва алайҳи ӯ парвандаи ӣ боз кардаанд. Аммо ин далелҳо тасдиқ нашуданд ва яке аз сиёсатмадорони ба истилоҳ «гаронвазн»-и суғдӣ пас аз як соли раҳбарии бахши ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар шимоли кишвар, масъулияти дигареро дар пойтахт бар дӯш гирифт.
Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистӣ, ки дар мавриди шахсияти Қосим Қосимов дар як соли ахир матолиби сершумор нашр кардааст, мегӯяд: «Аслан ман фикр мекунам, ки Қосимов нав ҷои худро пайдо кард. Ӯ риштаи ҳашаротшиносии донишкадаи хоҷагии қишлоқро хатм кардааст, аз соҳаи пахтакорӣ ва мушкилоти он бахубӣ огаҳ аст. Аз шарҳи ҳоли Қосимов бармеояд, ки вай барои муҳофизати табиъат дар устони Суғд замони раҳбарияш барои парвандапарварӣ, асппарварӣ ва сагпарварӣ як гуна чорабиниҳо ва фермаҳои махсус содир карда буд».
Дар ҳамин ҳол Хуршеди Атовулло, як тан хабарнигор ва коршинос, таъкид кард, ки феълан ҳукумати Тоҷикистон ба буҳрони кадрӣ мувоҷеҳ шудааст: аввалан, интихоби кадрҳо аз рӯи садоқати шахсӣ ба раҳбарони баландпояи кишвар сурат мегирад, дувум, аз лиҳози зодгоҳ ё наздикии маҳалли номзад ба раҳбарони ҳукумат.
Ҳамчунин коршиносон аз набуди ихтисосмандони ҷавон дар миёни вузаро ва аъзои ҳукуматро як сабаби заъфи кори мақомоти иҷроия унвон мекунанд. Гуфта мешавад, дар миёни вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ ва назди ҳукумат шумори нафароне, ки зери синни 40-анд, на беш аз 2 нафаранд. Ҷавонон диди тоза доранд ва барои таҳаввулоте дар кори ҳукумат, ки бас зарур аст, тавонманданд, - мегӯянд коршиносон. Аммо адами эътимод ба нерӯи зеҳнии ихтисосмандони ҷавон ва ҳам садди рушди карйераи онҳо шудани мансабдорони солдида аз сабабҳои аслии роҳ наёфтани ҷавонон ба мансабҳои баландпояи ҳукуматӣ унвон мешавад.
Тағйироти нави кадрӣ имсол шумори занонро дар ҳукумати кишвар то ба як нафар коҳиш дод. Акнун дар ҳукумат аз бонувон танҳо Руқия Қурбонова, муовини нахуствазир, намояндагӣ хоҳад кард. Қаблан танҳо як вазорат ва он ҳам вазорати беҳдоштро хонум Раънохон Абдураҳмонова раҳбарӣ мекард, аммо ӯ низ ба сабаби заъфи кораш ва мухолифатҳои дохилии раҳбарони вазорат аз ин мақом барканор шуд. Шаҳрдории Қӯрғонтеппаро низ аз ин ба баъд мард идора хоҳад кард, то ин вақт хонум Қурбонова мири ин шаҳри ҷанубии кишвар буд. Соли гузашта ҳам як вакили парлумон Тоҷиниссо Маҳмадова муовини раиси Хатлон таъин шуд ва бо ин шумори бонувон – намояндагони мардумӣ дар парлумонро ба 1 нафар коҳиш дод (ҳоло дар парлумон 10 зан вакил ҳастанд).
Коршиносон мегӯянд, ин мисолҳо, ба гумони ғолиб, гувоҳи коҳиши эътимоди ҳукумати Тоҷикистон ба занон аст. Дилбар Самадова, муовини раҳбари Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон гуфт: «Барканории Хайриннисо Юсуфӣ, ки як бонуи ихтисосманд аст, аз мақомаш ва ҳам вазири беҳдошт, ки ягона вазири зан миёни вазирон буд, бисёр мутаасифкунанда аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати иҷроия ҳамеша аз комёбии барномаҳои давлатӣ дар робита ба баланд бардоштани мавқеъи занон суҳбат мекунад. Ин гувоҳи он аст, ки дар кишвари мо аз мавқеъи баланди занон танҳо сӯҳбат мекунанд, на кори амалие анҷом медиҳанд».
Вале дар маҷмӯъ коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд ин охирин тағйирот дар ҳукумати Тоҷикистон набошад. То ҳанӯз тақдири нахуствазир Оқил Оқилов, ки ба синни бознишастагӣ расидааст ва бояд ба истеъфо равад, ҳамчунин муовини аввали вай Асадулло Ғуломов, ки гуфта мешавад, мубталои бемории шадид аст ва тибқи хабарҳои ғайрирасмӣ, ба Олмон ба унвони намояндаи Тоҷикистон, фиристода хоҳад шуд, маълум нест.
Вазири собиқи беҳдошт Раънохон Абдураҳмонова ва раиси пешини Кумитаи занон ва оила Меҳриннисо Носирова низ ҳанӯз ба маснаде пешбарӣ нашудаанд.
Аммо вақте аз коршиносон пурсида мешавад, ки тағйироти кадрӣ дар ҳукумати кишварро ба як ҷумла чи гуна арзёбӣ мекунед, мегӯянд: «бо иваз шудани ҷойи ҷамъшавандаҳо, сумма тағйир намеёбад»…
XS
SM
MD
LG