Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи муқаддамотии Каролинаи Ҷанубӣ шурӯъ шуд


Имрӯз дар ИМА даври навбатии интихоботи муқаддамотӣ дойир мешавад. Дар Каролинаи Ҷанубӣ рақобати миёни номзадҳо аз ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад. Назарпурсиҳои ахир нишон медиҳад, ки дар ин аёлат Барак Обама аз Ҳиллари Клинтон пешгомтар аст. Хонум Клинтон ахиран дар ду интихоботи ибтидоии Ню Ҳемпшир ва Невада пирӯзӣ ба даст овард. Интихоботи навбатии ҳизби ҷумҳурихоҳ рӯзи сешанбе дар Флорида баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG