Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон беш аз як миллиард доллар қарздор аст


Қарзи берунаи Тоҷикистон то оғози соли ҳолӣ як миллиарду 119,9 миллион долларро ташкил додааст. Вазорати молияи кишвар гуфтааст, аз ин маблағ, қарзи бевоситаи давлатӣ як миллиарду 26,3 миллион доллар будааст. Бар илова, Тоҷикистон аз Сандуқи байналмилалии пул 44,36 миллион доллар қарздор будааст. Ниҳодҳову сохторҳову хадамоти давлатӣ 49,24 миллион доллар қарздор будаанд.

XS
SM
MD
LG