Русия гуфтааст, пешнависи қатъномаи Шурои Амнияти СММ дар бораи таҳримҳои зидди Эрон чандон шадид нест. Дируз аъзои доимии Шурои Амнияти СММ, яъне Амрикову Руссия, Фаронсаву Бритониё ва Чин бар иловаи Олмон дар бораи таҳримҳои пешниҳодшуда дар пешнвиси мазкур ба тавофуқ расиданд. Пешнависи ин қатънома дар ҳоле таҳия шудааст, ки Эрон намехоҳад аз барномаҳои зидду нақизи ҳастаии худ даст кашад.