Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Давос масоили сайёра баррасӣ мешавад


Нишасти Давос бо суханронии Кондолиза Райс, вазири умури хориҷии ИМА, шурӯъ шуда, 5 рӯз идома хоҳад кард.

Дар кори ин маҷмаъ тақрибан 2500 нафар раҳбарони сиёсиву бозаргонии ҷаҳон аз 88 кишвар ва раҳбарони созмонҳои байнулмиллалӣ ширкат меҷуянд. Дар миёни онҳо Ал Гор, яке аз шахсиятҳои муҳими раванди ҷилвагирӣ аз гармоиши Замин, Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, Бил Гейтс, раиси ширкати Майкрософт ва Парвиз Мушарраф, раисҷумҳури Покистон ва шахсиятҳои зидду нақиз ба назар мерасанд.

Тонӣ Блэр ва Ҳенрӣ Киссенҷер аз ҷумлаи ҳамраисони ҷаласаи солонаи Давос мебошанд. Дар феҳристи ширкаткунандгони маҷмаъ номи раҳбарони 28 давлат ва ҳукумат дида мешавад. Ин маҷмаъ ҳар сол дар ҳамин рӯз дар минтақаи барфпуш ва кӯҳистонии Суис, ки ҳоло бо номи Давос дар саросари ҷаҳон шуҳрат дорад, баргузор мешавад. Вале ситоди он дар Женева ҷойгир аст.

Коршиносон мегуянд, дар ин маҷмаъ маъмулан муҳимтарин масоили иқтисодӣ баррасӣ мешавад. Марк Адамс, сухангуи Маҷмаъи Иқтисодии Давос, мегуяд, ин маҷмаъ ба мардуми ниёзманд дар саросари ҷаҳон кумакҳои воқеъӣ мерасонад. Вай афзуд, мо дар Урдун барои 50 ҳазор шогирди мактаб компютер ва барномаҳои таълимӣ харидем. Дар Миср низ чунин корро барои ду ним милён кудак анҷом додем. Баъзе деҳоти африқоиро бо барқ таъмин кардем. Дар Лесотто 70 ҳазор хонавода соҳиби барқ шуданд. Дар Чин тарҳҳои пешгирӣ аз бемории СПИД-ро роҳандозӣ кардем. Ҳамаи ин ба зиндагии мардуми оддӣ тағирот меорад".

Дар маҷмаъи Давос масъалаҳои мухталиф баррасӣ мешаванд. Масалан, соли ҷорӣ дар остонаи ҷаласаи кунунӣ Маҷмаъи Ҷаҳонии Иқтисодӣ дар қисматҳои мухталифи сайёра роҷеъ ба муносибати ҷаҳони ислом бо Ғарб назархоҳӣ анҷом дод ва дар натиҷаи ин назархоҳӣ рушан шуд, ки мухолифати миёни Ҷаҳони Ислом ва Ғарб дар ҳоли афзоиш аст. Масъалаи дигари мавриди таваҷҷуҳ масъалаи об, тасфияи он ва истифодаи одилонаи об дар ҷаҳон аст. Тибқи таҳқиқоте, ки анҷом гирифтааст, ҳоло об дар баъзе аз қисматҳои сайёра ба дороӣ ё сарват мубаддал шудааст.

Стефанӣ Бленкне, коршинос аз Пажуҳишгоҳи Байнулмиллалии Об дар Стокҳолм, мегуяд, дар саросари ҷаҳон ба андозаи кофӣ барои аҳолии кунунии сайёра об вуҷуд дорад, вале аз он одилона истифода намекунанд. Вай афзуд, "мо аз Давос умеди зиёд дорем, чунки барои сармоягузорӣ дар ин бахш мо беш аз пеш вазирони молиро ташвиқ мекунем, то ки онҳо барои тасфияи об ва беҳдошти он сармояи бештар ихтисос диҳанд ва текнолоҷии ҷадид харидорӣ шавад. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии Беҳдошт, ҳар долларе, ки дар ин бахш ба масраф мерасад, нуҳ доллар ба унвони даромади нохолис фоида меорад".

Маҷмаъи Иқтисодии Давос 38 соли пеш бори аввал ташкили ҷаласа дод ва дар ҷаласаҳои солонаи он муҳимтарин масъалаҳои сол баррасӣ шудаанд. Дар ҷаласаи соли ҷорӣ, яъне соли 2008 масъалаҳои ҷилавгирӣ аз терроризм, роҳҳои расидан ба сулҳи Ховари Миёна, роҳҳои ҷилавгирӣ аз гармоиши замин ва амсоли он баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG