Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳои Русияву Ҷопон печидатар мешавад


Иттиҳомот доир ба ҷосусӣ ба нафъи Русия хатари боз ҳам печидатар шудани ҳамкориҳои Русияву Ҷопонро афзун кардааст. Ҳукумати Ҷопон имрӯз 17 январ гуфт, як мақоми расмии идораи муҳими ҷосусии ин кишвар, ба фурӯхтани иттилоъоти таҳқиқотӣ ба Русия муттаҳам мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз ифшои ҷузъиёти ин хабар худдорӣ кард, вале матбуоти Ҷопон мегӯяд, як корманди идорае, ки ба ҷамъовариву таҳлили иттилоъот барои ҳукумат машғул аст, зоҳиран дар шаҳри Токио бо мақомоти расмии Русия вохӯрда ва гузоришҳо доир ба таҳаввулоти сиёсии Ҷопонро ба онҳо додааст. Русияву Ҷопон баъди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум бинобар баҳсҳо бар сари қаламрав, то кунун Аҳдномаи Сулҳ имзо накардаанд.
XS
SM
MD
LG