Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов савганди вафодорӣ ёд кард


Имруз Ислом Каримов дар маросиме дар Тошканд барои оғози давраи нави раёсати ҷумҳуриаш савганди вафодорӣ ёд кард. Вай ҳафт соли дигар дар Узбакистон ин мақомро бар уҳда хоҳад дошт. Бино ба натиҷаҳои расмӣ, дар интихоботи моҳи декабр Ислом Каримов 88 дарсад рай ба даст овард. Қонуни Асосии ин кишвар иҷоза намедиҳад, ки як нафар се давра худро номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ муъаррефӣ кунад. Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ин интихоботро ғайридемократӣ арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG