Вазорати хориҷаи Русия ба қарори додгоҳи шаҳри Париж барои мунҷамид сохтани ҳисобҳои намояндагиҳои муассисаҳои давлатии Русия дар бонки VTB Бaнк Европа эътироз баён кард. Тасмим дар мавриди мунҷамидсозии ҳисобҳои бонкӣ бо даъвои ширкати швейсарии "Нога" гирифта шудааст. Айни ҳол истифода аз ҳисобҳои бонкии намояндагиҳои вазорати молияи Русия, ширкати "Рособоронэкспорт", Бонки марказии Русия, вазорати саноат ва энерҷӣ ва хабаргузории РИА Новости ғайримумкин аст.
Даҳ сол пеш додгоҳи байнулмилалии Стокҳолм таъйид карда буд, ки ҳукумати Русия аз ширкати швейсарии "Нога" 63 миллион доллар қарздор аст. Талошҳои қаблии ширкат барои баргардонидани қарз номуваффақ буданд.