Русия Бритониёро айбдор кард, ки бо бозифтитоҳи ду шӯъбаи созмони British Council дар Русия ба рағми дастури Кремл амал карда, дидаву дониста муносибатҳои байнидавлатиро муташанниҷ мегардонад. Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Русия омадааст, барои кормандони ин ниҳод дар Санкт Петербург ва Екатеринбург раводиди сафар дода нахоҳад шуд. Сафири Бритониё дар Русия, Тонӣ Брентон, дар баромадгоҳи Вазорати умури хориҷии Русия ба хабарнигорон гуфт: "Муъовини вазир Титов як номгӯи дарозеро ба дасти ман дод, ки назари ҳуқуқии Русия ба фаъолияти British Council аст ва ҳам роҳҳои мумкини пешрафтро ишора мекунад." Муносибатҳои Русия ва Бритониё дар чанд моҳи охир, сар аз қазияи марги мунаққиди Кремл ва шаҳрванди Бритониё, Александр Литвиненко, дар соли гузашта ба сардӣ гароидаанд. Литвиненко аз заҳри нодири полониум кушта шуд ва муфаттишони бритониёӣ шаҳрванди Русияро омили ин воқеъа дониста, истирдоди ӯро хостаанд, аммо Русия ин талабро рад мекунад.