Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полис силоҳашро дар ҳоҷатхона фаромӯш кардааст


Субҳи имрӯз корманди як фурӯшгоҳ дар Токио бозёфти ҳайратовар кард. Вай аз ҳоҷатхонаи фурӯшгоҳ туфангчаи ғилофдор, дастбанди филизӣ ва тирдон пайдо кард. Дертар ошкор гашт, ки корманди полис, ки дар басти шаб кор мекард, барои қазои ҳоҷат ба ин фурӯшгоҳи 24-соата ворид шуда, пас аз сабук шудан, аслиҳа ва муҳимоти худро ин ҷо фаромӯш кардааст. Вақте полисро ёфтанд, ҳанӯз намедонист, ки абзори худро гум кардааст.
XS
SM
MD
LG