Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бағдод назорати комили нафту газро мехоҳад


Гуруҳҳои мухталифи порлумонии Ироқ иборат аз сунниҳову шиъаҳо ва намояндагони мустақил эъломияеро имзо ва зарурати ваҳдати миллиро таъкид карданд. Онҳо ҳамчунин хостори назорат бар чоҳҳои захираи нафт аз ҷониби як ниҳоди марказӣ шудаанд. Дар миёни ононе, ки ба ин эъломия имзо гузоштаанд, ҳизби Муқтадо ал Садр-руҳонии тундгарои шиъа, Иёд Алавӣ-нахуствазири пешин, намояндагони Ҷабҳаи Музокироти Миллӣ ҳастанд. Онҳо гуфтанд, нафту газ дороии миллии Ироқ маҳсуб мешавад ва набояд зери назорати қудратҳои минтақаӣ қарор дошта бошад. Онҳо дар ин маврид Курдистони Ироқ ва чоҳҳои нафти онро дар назар доранд.
XS
SM
MD
LG