Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 миллион бесавод дар мамолики арабӣ


Дар як гузориши пажӯҳишгоҳи фарҳангии Ҷомиъа (Лига)-и мамолик зикр шудааст, ки 100 миллион сокини кишварҳои арабӣ хондану навишта наметавонанд.

Наздик ба нисфи занони ин минтақаи бузург аслан бесаводанд. Дар ҳамин ҳол муаллифони гузориш ҳукуматҳои мамолики арабиро ба тағйири вазъ даъват намуданд.
Гузориш дар бораи бесаводӣ дар кишварҳои арабӣ, ки аз тарафи Созмони маориф, фарҳанг ва илми Ҷомеаи кишварҳои арабӣ, қароргоҳаш дар Тунис, таҳия шудааст, хулосаи риққатовар дорад: «Имрӯз дар замоне, ки даҳаи аввали ҳазора ба поён мерасад, аз се фарди араб яке бесавод мебошад. Синну соли бахши калони бесаводон аз 15 сола то 45 сола будааст».
Миқёси зиёнеро, ки бесаводии онҳо ба иқтисоди ҷаҳони араб мерасонад, касе ҳисоб карда наметавонад.
Шореҳ Алиризо Нуризода аз Маркази Пажӯҳишҳои арабиву эронии шаҳри Лондон мегӯяд: «Сабаб ин аст, ки дар ин минтақа камбуди демократия, камбуди рағбат ба таълиму тарбияи мардум ва камтаваҷҷӯҳии ҳукуматҳо, ҳокимон кишварҳои араб ҷой дорад. Ин ҳокимон бо роҳи табаддулот сари қудрат омадаанд ва нигаронии асосии онҳо на таълиму тарбия, балки таҳкими нерӯҳои дфиоӣ мебошад».
Нуризода меафзояд, омили дигари бесаводӣ таассуби ҷамоаҳои муҳофизакори араб аст, ки саводомӯзии духтаронро камаҳамият мешуморанд. Дар натиҷа 46 дар сади духтарони кишварҳои арабӣ хондану навиштан маҳрум мебошанд.
Ба ақидаи Нуризода руҳониён ҳам дар бесаводии занон саҳм доранд: «Ислом ба пайравонаш ҳидоят мекунад, ки биёмӯзанд ва дар паи дониш бошанд. Ба истилоҳ : "УТЛУБ-л- ИЛМА ҲАТТА ФИ-С-СИН", яъне ҳатто дар Чин дар паи таҳсил бош! Аммо мутаассифона, ин амр барғалат ташреҳ дода шуд ва аз тарафи муллоҳ шарҳи нодуруст гирифт. Дар ниҳояти амр онҳо тахминан нисфи аҳолӣ: ба вижа занон, аз таълим маҳрум шуданд».
Муҳаммад Саид аз Маркази пажӯҳишҳои шарқиву африқоии шаҳри Лондон хотирнишон мекунад, ки дар аксари мамолики араб таълими маҷбурӣ фақат бо таҳсил дар мактабҳои ибтидоӣ кифоят менамояд. Фақат баъзе кишварҳо таҳсил дар мактаби миёнаро низ маҷбурӣ кардаанд. Ӯ меафзояд: "Вақте кӯдакон ба мактаб мераванду дар синни 11 ва ё 13 солагӣ таҳсилро хотима мебхашанд, бидуни идомаи маориф онҳо тадриҷан дар синни 17 – 18-солагӣ ҳама чизро фаромӯш мекунанд. Амалан онҳо бесавод мешаванд. Онҳо ҳатто хондану навиштанро аз ёд мебароранд.
Вале хилофи Нуризода, Саид бар ин ақидааст, ки тарзи ҳукмронии давлатмардон ба саводи аҳолӣ иртиботе надорад: «Ин ҷо миёни демократӣ будан ва ё мардум солор набудани ҳокимон иртиботе вуҷуд надорад. Ба фикри ман ҳукумати араб чанде аз демократия дур бошад, ҳамон кӯшиш мекунад, нишон диҳад, ки ӯ низоми маорифро беҳбуд мебахшад».
Албатта, вазъ аз кишвар то кишвари дигар фарқ дорад. Масалан, кишварҳои арабии Яман, Миср, Мавритания ва Марокаш ба монанди кишварҳои Халиҷ дорои захираҳои бузурги маводи сӯхт нестанду наметавонанд ба соҳаи маориф сармояи зиёд тахсис диҳанд.
Бар илова дар ин минтақа афзоиши нуфуси аҳолӣ сар сол тақрибан се дар садро ташкил медиҳад.
Билохира, Созмони маориф, фарҳанг ва илми Ҷомеаи кишварҳои араб хулоса кардааст, ки кишварҳои араб барои тағйири вазъи ногувори соҳаи маориф ба тарғиби бештари саводомӯзӣ ва татбиқи барномаи рушди олами араб эҳтиёҷ доранд. Ин барномаро кишварҳои арабӣ моҳи июли соли гузашта ба тасвиб расонида буданд.
XS
SM
MD
LG