Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Ҷорҷ Буш ва Маҳмуд Аббос дар Ромуллоҳ


Хонаводаи фаластинӣ ҳангоми дидани нишасти хабарии Буш дар Ролмуллоҳ, 10 декабри соли 2008.
Хонаводаи фаластинӣ ҳангоми дидани нишасти хабарии Буш дар Ролмуллоҳ, 10 декабри соли 2008.

Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Даблю Буш дар мулоқот бо раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос гуфт, сулҳ пирӯз хоҳад шуд.

Ҳазорон нафар аз фаластиниҳо ба Ромуллоҳ омадаанд, то аз сафари Буш истиқбол кунанд. Ин аввалин бор аст, ки як президенти Иёлоти Муттаҳида аз Каронаи Бохтарии рӯди Урдун дидан мекунад.

Мақсад аз сафар таъмини ҳусни нияти исроилӣ ва фаластинҳост, ки то поёни давраи раёсати Буш, яъне аввали соли 2009 дар сулҳи Ховари Миёна ба созиши ниҳоӣ даст ёфта шавад. Тарҳи чунин сафар баъд аз гуфтушунидҳои байнулмилалӣ дар шаҳраки Аннаполиси Иёлоти Муттаҳида ба миён омад, зеро аксарият нокомии ин конфаронсро пешгӯӣ кардаанд.

Рӯзи гузашта Буш дар Байтулмуқаддас бо президенти Исроил Шимон Перес ва сарвазир Эҳуд Олмерт мулоқот кард. Исроилиҳо мехоҳанд, сарони маъмурияти худгардони Фаластин ба хушунатҳое хотима диҳанд, ки гурӯҳи Ҳамос ба роҳ андохтааст. Чанд рӯз аст, шаҳракҳои исроилӣ аз тарафи аъзои ин гурӯҳ аз Навори Ғазза мушакборон мешаванд. Раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос, ба Навори Ғазза назорат надорад. Ин минтақа сар аз моҳи июни соли гузашта дар идораи ҷунбиши Ҳамос мебошад.

Фаластиниҳо аз Буш мехоҳанд, Исроилро ба қатъи бунёди шаҳракҳои муҳоҷирони яҳудӣ дар қаламравҳои ишғолӣ маҷбур кунад. Пас аз гуфтушунид бо Аббос президент Буш аз Байтуллаҳм, зодбуди суннатии Исои Масеҳ зиёрат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG