Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти нави Косово интихоб шуданд


Порлумони Косово дирӯз раиси ҷумҳур ва сарвазири ин минтақаи ҷудоихоҳро интихоб кард. Фатмир Сейдиу, раҳбари Лигаи демократии Косово аз нав дар мақоми президентӣ ва Ҳошим Тачӣ, раиси ҳизби демократии пирӯз дар интихоботи ахири порлумонӣ дар мақоми сарвазирӣ пазируфта шуданд.

Тавре дирӯз хабар дода будем, ин ду неруи бузурги сиёсии Косово дар порлумон эътилофи ҳукмронро таъсис доданд. Фатмир Сейдиу зимни суханронӣ дар порлумон изҳори итминон намуд, ки “ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз мустақилияти Косово пуштибонӣ хоҳад кард".

XS
SM
MD
LG