Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2007 аз нигоҳи мардум (2)


Шумо ба соли 2007 чи гуна баҳо медиҳед? Оё дар соли 2007 вазъи зиндагиятон тағйир хӯрд? Ба фаъолияти давлат ва ҳукумат дар соли 2007 чи мегӯед? Оё ба ваъда ва нақшаҳои ҳукумати марказӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ эътимод доред? Пахта, алюминиум ва маблағи муҳоҷирони корӣ. Кадоме аз инҳо таъсири намоён дар иқтисодиёти Тоҷикистон дорад? Дар соли 2007 вазъи ҳуқуқи башар ва озодии шаҳрвандони Тоҷикистон чи гуна буд? Назари Шумо дар робита ба забон ва адабиёти тоҷик дар соли 2007 чи аст?

Ин 7 суоле буд, ки хабарнигорони радиои «Озодӣ» аз мардуми соҳиби касбу машғулиятҳои мухталиф дар дар 5 минтақаи Тоҷикистон, вилояти Хатлон, Бадахшон, Суғд, навоҳии шарқи кишвар ва пойтахти он пурсидаанд. Дар ҳар минтақа беш аз панҷоҳ нафарӣ ба суолҳои мо посух доданд ва дар маҷмӯъ ба 300 нафар муроҷиат шудааст. Теъдоди ширкаткунандагон дар ин назарпурсӣ, аз ҷумлаи занону мардон дар Душанбеву Хуҷанд ва Бадахшон тақрибан ба ҳам баробаранд, вале дар Хатлону Рашт занҳо бештар ба суолҳо посух додаанд. Яъне, 65 дарсади пурсидашудаҳои вилояти Хатлон ва 75 дарсади минтақаи Раштро занон дар бар мегиранд.

Бо ин ҳама, ин назарпурсии Радиои Озодӣ назарсанҷии илмӣ нест ва танҳо мунъаксикунандаи назароти онҳоест, ки мавриди пурсиши мо қарор гирифтаанд.

Бахши аввал ин ҷост

Суоли панҷум: Пахта, алюминиум ва маблағи муҳоҷирони корӣ. Кадоме аз инҳо таъсири намоён дар иқтисодиёти Тоҷикистон дорад?

Ҳамагӣ 10 дарсади мусоҳибони мо дар Душанбе ва 12 дарсад дар Хуҷанд пахтаро дар пешбурди иқтисоди Тоҷикистон манфиатбахш донистаанд. Аммо 5 дарсади пурсидашудаҳо дар Бадахшон гуфтаанд, ки даромад аз ҳисоби алюминум дар иқтисоди Тоҷикистон нақши намоён дорад ва ҳамзамон ба беҳбудёбии вазъи иқтисодии сокинон сабаб мегардад. 30 дарсад дар Хуҷанд, 25 дарсад дар Душанбе, 20 дарсад дар Хатлону 10 дарсад дар Рашт низ чунин назар доранд.

Вале 95 дарсади мусоҳибони мо дар Бадахшон мегӯянд, ки интиқоли маблағ аз тарафи муҳоҷирони корӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири мусбат дорад. Дар Рашт 90, дар Хатлон 80, дар Душанбе 65 ва дар Хуҷанд 58 дарсади пурсидашудагон низ гуфтанд, ки агар ҳудуди 1 миллион сокинони Тоҷикистон дар Русия мардикорӣ ва ё тоҷирӣ намекарданд, иқтисоди Тоҷикистон аз будаш ҳам бештар фалаҷ мешуд ва аҳолӣ гуруснаву дарбадар.

Суоли шашум: Дар соли 2007 вазъи ҳуқуқи башар ва озодии шаҳрвандони Тоҷикистон чи гуна буд?

Даҳ дарсади пурсидашудаҳо дар минтақаи Рашт ба ин суол чунин посух додаанд, ки вазъи ҳуқуқи башар ва озодии шаҳрвандон дар соли 2007 беҳтар буд. Ба андешаи 15 дарсади пурсидашудагон дар Хуҷанд, 14 дарсад дар Душанбе низ ва ба андешаи онҳо, дар ин сол афроди ҷудогона ва саршиноси сиёсати Тоҷикистон бо иттиҳоми сохта боздошт ва зиндонӣ нагардиданд ва ҳамчунин додгоҳ мустақилона ба баъзе аз мушкили онҳо расидагӣ кардааст.

Аммо 55 дарсади мусоҳибони мо дар Рашт гуфтаанд, ки вазъи ҳуқуқи башар мисли иқтисоду сиёсати Тоҷикистон бидуни тағйир боқӣ монд. Ҳанӯз дар ин самт кори хубе ба сомон нарасидааст. Ин назарро дар Хоруғ 43, дар Хатлон 35, дар Хуҷанд 34 ва дар Душанбе 30 дарсади пурсидашудагон дастгирӣ карадаанд.

Вале 56 дарсади ҳамсӯҳбатони мо дар Душанбе вазъи ҳуқуқи башар дар кишварро бадтар арзёбӣ карданд. Дар ин сол, ба андешаи онҳо, шаҳрвандони зиёде аз манозили зисти худ маҳрум монданд. Аксарияти пурсидашудагон аз он изҳори ташвиш карданд, ки мақомот дар ин сол талош варзид, то масоҷиди панҷвақта дар пойтахтро ба унвони ҷойҳои ҷамъиятӣ тахриб созад ва дар роҳи ибодати шаҳрвандон мушкил эҷод намояд. 65 дарсад дар Хатлон, 51 дарсад дар Хуҷанд, 45 дарсад дар Бадахшон ва 35 дарсади пурсидашудагон дар Рашт низ чунин назар додаанд.

Суоли ҳафтум: Назари Шумо дар робита ба забон ва адабиёти тоҷик дар соли 2007 чист?

70 дарсади пурсидашудаҳо дар Хуҷанду Хатлону Душанбе ва Рашту Бадахшон вазъи забону адабиёти тоҷик дар соли 2007-ро беҳтар арзёбӣ кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки дар ин сол 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Душанбе таҷлил гардид ва ба ин муносибат китобу таҳқиқоти илмӣ низ рӯи чоп омад.

Аммо 37 дарсади мусоҳибони бадахшонии мо вазъи забону адабиётро ҳамоно бетағйир донистаанд. 35 дарсадӣ дар Душанбеву Рашт, 22 дарсад дар Хатлон ва 15 дарсади пурсидашудаҳо дар Хуҷанд чунин назар доранд.

Ин дар ҳолест, ки 65 дарсади ҳамсӯҳбатони хуҷандии мо вазъи забону адабиёти тоҷикро хароб хонда, гуфтаанд, ки сатҳи он рӯзбарӯз поин меравад. 60 дарсад дар Хатлон, 55 дарсад дар Рашт ва 53 дарсадӣ дар Бадахшону Душанбе низ ба ин ақидаанд. Яъне, ба таъкиди онҳо дар сол 2007 низ асари хондание аз суи адибони тоҷик рӯи чоп наомад ва нашрияҳо пайваста бо иштибоҳоти зиёди забонӣ ҳафтаномаҳои худро интишор мекарданд.

XS
SM
MD
LG