Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз аз Кумисюни марказии интихоботии Гурҷистон


Левон Гачечиладзе, номзади иттиҳоди мухолифон дар интихоботи раёсатҷумҳурии Гурҷистон талаб кард, ки раҳбари Кумисюни марказии интихоботии ин кишвар барои тақаллуби натиҷаҳои овоздиҳии 5-уми январ ба истеъфо равад. Тибқи натиҷаҳои пешакие, ки кумисюн имрӯз интишор дод, президентии феълии Гурҷистон, Михел Саакашвилӣ 52,1 дарсад рой гирифта, Гечечиладзе бо камтар аз 25 дарсад дар ҷои дувум аст. Кумисюн гуфтааст, натиҷаҳои ниҳоиро ба зудӣ нашр хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG