Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳо дар Ню Ҳемпшир: Обама ё Клинтон?


Баракк Обама ва Ҳилларӣ Клинтон
Баракк Обама ва Ҳилларӣ Клинтон

Маъракаи пешазинтихоботӣ барои мақоми президентӣ дар ИМА аз ғарби миёна ба шимоли шарқии кишвар интиқол ёфт.

Фардо довталабони баландтарин мақоми ИМА аз ҳарду ҳизб дар аёлати Ню Ҳемпшир барои сабқати навбатии сиёсӣ гирдиҳам меоянд.

Шурӯъ аз субҳи 4-уми январ номзадҳо аз ҳизби демократӣ ва ҷумҳурихоҳ дар ҳамоишҳои аёлат суханрони мекардаанд, дар қаҳвахонаву тарабхонаҳои наздироҳӣ бо мардум мулоқот анҷом медодаанд, то онҳоро ба худ мутамойил кунанд. Бори нахустин рафти интихобот на танҳо аз тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ва Интернет, балки тавассути бузургтарин шабакаи телевизионии байнулмилии АВС ба тамоми ҷаҳон пахш хоҳад шуд.
Шумораи довталабон дар қиёс ба аёлати Айова коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол сенаторҳои демократ Ҷозеф Байден ва Кристофер Дод аз идомаи мубориза даст кашидаанд.
АВС боз аз чанд номзад, ки зимни интихоботи кӯчак дар Айова ороъи аз ҳама камтар ба даст овардаанд (демократҳо Деннис Кусинич ва Майкл Ревел, инчунин ҷумҳурихоҳ Данкана Хантер), хоҳиш кард, то дар маъракаи Ню Ҳемпшир ширкат накунанд.
Баҳсҳои ҳизбҳо ҷудогона сурат мегиранд. Интизор меравад, ки мубориза дар Ҳизби демократӣ миёни барандаи интихоботи кӯчаки аёлати Айова сенатор Барак Обама ва сенатор Ҳилларӣ Клинтон шадид сурат бигирад, зеро ба гуфтаи коршиносон бо пирӯзии Обама дар Ню Ҳемпшир шонсҳои хонум Клинтон ба пирӯзӣ дар анҷумани умумӣ хеле коҳиш хоҳад ёфт.
Ин шонси охирини Ҳ. Клинтон аст ва ӯ набояд ин имконро аз даст бидиҳад. Бо вуҷуди ин мушовири сиёсии ӯ Марк Пенн ёдовар шуд, ки Билл Клинтон, ҳамсари Ҳилларӣ, дар маъракаи интихоботии соли 1992 дар 5 интихоботи аввалин кӯчак шикаст хӯрда буд, аммо саранҷом раисиҷумҳур шуд.
Дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ вазъ дигар аст. Коршиносон мегӯянд Майк Хакабӣ танҳо ба шарофати теъдоди бузурги шохаи евангелистони насронӣ дар Айова пирӯз шуда буд. Ва аммо теъдоди евангилистҳо дар Ню Ҳемпшир хеле камтар аст ва ҳадс зада мешавад, ки дар ин айолат сенатор Ҷон Маккей ҳамаи рақибонашро шикаст хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG