Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА гурҷиҳоро бо интихобот табрик гуфт


Иёлоти Муттаҳида мардуми Гурҷистонро бо интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳур табрик гуфт. Шон Маккормак, сухангӯи Департаменти давлатии Амрико изҳор намуд, ки бино ба арзёбии ҳайати Созмони амният ва ҳамкории Аврупо интихобот асосан мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ сурат гирифтааст ва он иродаи мардуми Гурҷистонро инъикос мекунад. Шон Маккормак ҳамчунин аз мақомоти Гурҷистон даъват кардааст, ба ҳалли мушкилоте пардозад, ки ба онҳо нозирони САҲА ишора кардаанд.

Ба иттилоъи Комиссиюни Марказии Интихоботии Гурҷистон, баъд аз шумурдани 90 дар сади баргаҳои раӣъ рушан шуд, ки аз Михаил Саакашвилӣ каме бештар аз 51 дар сади мардум пуштибонӣ кардаанд. Номзад аз Иттиҳоди мухолифин Левон Гачечиладзе 25 дар сади раӣъҳоро соҳиб шудааст.
XS
SM
MD
LG